Фарҳод Ҷабборов, яке аз рӯзноманигорони соҳаи варзиш ва роҳбари дафтари матбуоти Федератсияи футболи Душанбе, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 63-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора ФФТ хабар медиҳад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шарҳи ҳамдардӣ ба хонавода ва наздикони рӯзноманигор навиштааст, ки марҳум дар рушду густариш ва оммавӣ гардидани футбол дар Тоҷикистон саҳми бузург дорад. 

Дӯстону ҳамкорон аз Фарҳод Ҷабборов ҳамчун яке аз сутунҳои журналистикаи варзишӣ ёдоварӣ карда, мегӯянд, ӯ устоди бештари хабарнигорони ҷавони варзишӣ, алалхусус дар бахши футбол буд.

Ҷабборов дар гузашта дар ҳафтаномаи “Чархи гардун” фаъолит дошт ва бо дигар расонаҳо, махсусан Гурӯҳи расонаҳои “Азия - Плюс” низ ҳамкорӣ мекард.

Ӯ дар баробари сухангӯи ФФ Душанбе будан, ҳамчунин, се соли охир роҳбари дафтари матбуотии Клуби марказии варзишии артиш-ССКА –ро низ ба дӯш дошт.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.