Дар моҳи Рамазони имсола перомуни рӯзаву намоз дар Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида шудааст. Ду саволи муҳими ин тадқиқот “Шумо рӯза мегиред?” ва “Назари Шумо дар бораи нафарони берӯзаву бенамоз чӣ аст?” маҳсуб мешавад.

Фирӯз Миров, ҷомеашинос ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки яке аз муҳаққиқон ва роҳандозкунандаи ин тадқиқот аст мегӯяд, пурсиш дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ бо иштироки 1100 нафар шаҳрвандони аз 18-сола болои Тоҷикистон гузаронида шуд.

“Мақсад аз гузаронидани таҳқиқоти мо муайян намудани андеша ва муносибати шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба моҳи шарифи Рамазон, гирифтани рӯза ва болоравии нархи молу маҳсулот буд”, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ин тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки дар кишвар беш аз 80 дарсади аҳолӣ рӯзаро пурра мегирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, наздик ба 10 дарсад нафароне ҳам будаанд, ки то охир рӯза гирифта наметавонистаанд. Аммо 4 дарсади онҳо аз ҷавоб додан ба савол худдорӣ кардаанд.


Фирӯз Миров мегӯяд, баъзе саволҳоро ба мусоҳибон мустақим ва рӯйирост пешниҳод намудаанд ва ҷавобҳо субъектӣ мебошад.

“Масалан, ба саволи “Шумо рӯза мегиред?” аксарияти кулл ҷавоби мусбат медиҳанд, ҳарчанд рӯзадор ҳам набошанд. Аммо ин нукта аз мадди назари мо дур намемонад”, - мегӯяд Фирӯз Миров.

Аз сӯи дигар, Фирӯз Миров мегӯяд, дар Тоҷикистон нафароне, ки рӯза намегиранд, ба танқид ва сарзаниши атрофиён, шиносу ношинос, хешу табор ва дӯстон маҳкум мегарданд. Ҳатто нафароне, ки мувофиқи муқаррароти ислом аз гирифтани рӯза озод мегарданд, мисли беморон, ҳомиладорон ва ғайра аз ҳароси муносибати атрофиён ва дигар қолабҳои фикрӣ рӯза медоранд.

Назари ҷомеа ба берӯзаҳову бенамозон

Фирӯз Миров мегӯяд, муносибати мусоҳибон нисбати шахсоне, ки рӯза намегиранд, мухталиф буд. Ба ақидаи нисфи мусоҳибон, ҳар як шахс дар гирифтани рӯза озод аст, аммо бисёриҳо мегӯянд, ки ба ин масъала аҳамият намедиҳанд.

Вале қисме аз мусоҳибон имони нафаронеро, ки рӯза намегиранд, заиф ҳисобидаанд ва гурӯҳе дигар нисбати чунин нафарон нафрат доштаанд. Инчунин, қисми хеле ками пурсидашудагон нафаронеро, ки дар моҳи Рамазон рӯза намегиранд, “кофир” номидаанд.


Ҳамин тавр, мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ, 10,1 дарсади мусоҳибон қайд кардаанд, ки ба хотири фарзу савоб будани рӯза ва кам шудани гуноҳашон дар ин моҳ ҳангоми беморӣ (занону мардон) ва ҳомиладорӣ (занон) низ рӯза мегирифтаанд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи муқаррароти дини Ислом барои ин тоифа хӯрдани рӯзаи моҳи Рамазон иҷоза дода шудааст.

Ҳамзамон, 47,4 дарсади мусоҳибон иброз доштаанд, ки ҳар як шахс дар намозгузорӣ озод аст ва тахминан ҳамин шумораи пурсидашудагон ба намоз хондан ё нахондани дигарон аҳамият намедодаанд. Аз чор як ҳиссаи мусоҳибон имони бенамозонро заиф ҳисобидаанд ва гурӯҳе дигар нисбат ба бенамозон нафрат доштаанд. Ҳамин тавр, қисми ками мардум бенамозонро “кофир” номидаанд.


Мардум мехоҳанд мақомот дастбакор шавад

Дар қисми дигари тадқиқоти сотсиологӣ назари ҷомеа дар робита ба боло рафтани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон ва идҳои Рамазону Қурбон пурсида шудааст. Ин яке аз доғтарин мавзӯоти моҳи Рамазон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамасола сокинон аз гароиши болоравии нархи бозор дар моҳи муборак нигаронӣ менамоянд.

Фирӯз Мироз аз ин вазъ нигаронӣ карда, мегӯяд, “мушоҳидаҳо ҳам нишон медиҳанд, ки баъзе аз тоҷирон ҳоҷиёну диндорони ашадӣ ҳастанд, аммо бо роҳҳои гуногун дар ин моҳи муборак фоидаи ҳангуфт ба даст овардан мехоҳанд”.

Ба гуфтаи сотсиолог, пурсидашудагони ин тадқиқот сабабҳои асосии болоравии нархҳои молу маҳсулот дар моҳи Рамазонро ба беинсофии савдогарон, зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба молу маҳсулот ва беқурбшавии пулӣ сомонӣ марбут донистаанд.


Ба ақидаи аксари иштироккунандагони ин тадқиқот, барои гирифтани пеши роҳи болоравии нархи молу маҳсулот дар моҳи Рамазон ва идҳои Рамазону Қурбон бояд молу маҳсулот аз хориҷи кишвар зиёдтар ворид карда шаванд.

Аммо як гурӯҳи дигар мегӯянд, ки дар ин давра нархи молу маҳсулот аз тарафи мақомоти давлатӣ зери танзими ҷиддӣ қарор гирад ва рӯҳониёни маъруф дар ин мавзӯъ мунтазам маъвиза намоянд.


Ба гуфтаи Фирӯз Миров, ин яке аз тадқиқотҳои ғайриалтернативии сотсиологӣ буда, дар натиҷа чанд гузани ҷавобҳоро ба миён меоварад ва маъмулан фисади натиҷагирии он аз 100 боло меравад.

Роҳҳал ва тавсияҳо

Сотсиологҳои тоҷик дар натиҷаи гузаронидани тадқиқот дар ин мавзӯъ барои ҳалли масъалаҳои ба дин алоқаманд татбиқи чунин пешниҳоду тавсияҳоро пешниҳод мекунанд:

  • ташкили шароити зарурӣ барои рушди низоми таҳсилоти динӣ;
  • андешидани тадбирҳои зарурӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои динӣ ва ба аҳолӣ фаҳмонидани аҳкоми аслии дини ислом;
  • дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва таҳаммулгароӣ тарбия намудани наврасону ҷавонони Тоҷикистон;
  • дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намудани рӯҳониёни маъруфи динии Тоҷикистон;
  • танзими нархи маводи озуқаворӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва идҳои динӣ (иди Рамазон ва Қурбон) ва тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳии рӯҳониёни маъруфи исломӣ дар ин давра;
  • баланд бардоштани сатҳи тафаккури илмии ҷавонон ва мубориза ба муқобили ифротгароию хурофотпарастӣ ва ғайраҳо.
Фирӯз Миров
Акс аз саҳифаи фейсбукии Ф.Миров

Бояд гуфт, ки ин яке аз камтарин тадқиқотҳои сотсиологие дар Тоҷикистон оид ба масоили динӣ мебошад. Фирӯз Миров мегӯяд, ки дар Тоҷикистон зиёд тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида мешавад, вале аксаран натоиҷи он расонаӣ намегардад ва ба ниҳодҳои фармоишгари тадқиқот пешкаш мегардаду бас.

Маврид ба таъкид аст, ки ин тадқиқотро кормандони кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ гузаронидаанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол моҳи Рамазон 23-юми март оғоз гардида, 29 рӯз идома кард ва тибқи қарори Шӯрои уламои кишвар 21-уми апрел Иди Фитр эълон шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.