Имсол аз 74 ҳазору 601 хатмкунандаи синфи 11, ки ба Маркази миллии тестӣ барои шомил шудан ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супорида буданд, 51 ҳазору 711 нафар сазовори унвони донишҷӯ гардиданд. Нафарони донишҷӯшуда шаби 25-уми июл тариқи паёмак огоҳ карда шуданд.

Дар ин бора Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба қавли ӯ, соли ҷорӣ 14 ҳазору 80 нафар хатмкардаи синфи 9-ум ба ММТ ҳуҷҷат супорида, 7 ҳазору 412 нафар ба муассисаҳои олии миёна роҳхат гирифтаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки соли гузашта 82 ҳазору 718 нафар аз ҳисоби хатмкунандаи синфи 11 ва 13 ҳазору 303 аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 барои супоридани имтиҳон дар ММТ  ба қайд гирифта шуданд. Дар ниҳоят, баъди ҷамъбасти имтиҳонҳо, 51 ҳазору 809 нафар хатмкунандагони синфи 11 ва 6 ҳазору 179 нафар хатмкунандагони синфи 9 ба донишгоҳҳову коллеҷҳо роҳхат гирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.