Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки минбаъд барои бунёди биноҳои баландошёна дар се маҳаллаи шаҳр - 18, 19 ва 20 иҷоза дода намешавад. Сокинони ин маҳалҳо қаблан шикоят карда буданд, ки ширкатҳои сохтмонӣ дар майдончаҳои кӯдакона низ бинои баландошёна месозанд.

“Дар маҳаллаҳои мазкур барои бунёди биноҳои баландошёна дигар ҷой нест”, - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Бояд зикр кард, ки қаблан як гурӯҳ сокинони ин маҳалҳо ба “Азия-Плюс” шикоят карда буданд, ки ширкатҳои сохтмонӣ мехоҳанд дар майдончаи кӯдакони ин маҳаллаҳо хонаҳои баландошёна бунёд кунанд.

Ҳамчунин, зимни ин нишасти матбуотӣ, раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон, баъди санҷиши сифати сохтмонҳо, корҳои сохтмонии се бинои истиқоматӣ, бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои сохтмон, боздошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бунёди биноҳо дар маҳаллаҳои сераҳолӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон дар дигар манотиқи кишвар низ боиси ташвиш гаштааст. Аз ҷумла, чанде пештар раиси вилояти Хатлон ҳам ба масъулини шаҳрдории маркази вилоят - шаҳри Бохтар дастур дод, ки барои бунёди биноҳои баландошёна дар маҳаллаҳои сербино ва майдончаҳои бозии кӯдакон иҷоза надиҳанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.