Номи 12 ҳазору 778 маҳали аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофиро дар Тоҷикистон иваз мекунанд, ки дар байни онҳо ноҳияи Мурғоб низ ҳаст. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон имрӯз, 3-юми август, дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ин номҳо ба қонунгузории Тоҷикистон, қоидаҳои имло ва меъёри забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода ноҳияи Мурғобро мисол оварда, гуфт, шакли дурусташ Марғоб ва ё Марғеб аст.
“Мо ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод кардем, ки номи Мурғоб ба Марғоб иваз карда шавад”, - гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Ба қавли ӯ, аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот номи 5 ҳазору 83 маҳалли аҳолинишин ва қариб 7 ҳазору 700 мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба меъёри забони тоҷикӣ ва қоидаҳои имло мутобиқат намекунанд, муайян ва барои иваз кардан ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод шудааст.
Бояд гуфт, ки раванди ивази номи маҳалҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ аз мақомоти маҳаллӣ оғоз гардида, қарори ниҳоиро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.
Ба гуфтаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода, номҳои маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ мутобиқ ба қонуну қоидаҳои забони тоҷикӣ, имлои забони тоҷикӣ, тартиби номгузории таърихӣ ва суннатҳои таърихии номгузории тоҷикӣ иваз крада мешавад.
Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз шуда, (баъзеашон якчанд маротиба), бархе мақоми шаҳрро соҳиб шуданд ё аз нав таъсис дода шуданд. Дар ин маводи мо бо номҳои собиқ ва имрӯзаи чанде аз шаҳру навоҳӣ муфассалтар шинос шуда метавонед.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Марказҳои тестии Русия дигар аз муҳоҷирон имтиҳон қабул намекунанд. Акнун дар куҷо ва чӣ хел онро бояд супорид?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста