Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи августдар  саросари ҷаҳон баргузор мегардад! Мавзӯи имсола: “Фароҳам овардани шароити мусоид барои синамаконӣ дар ҷойи кор” эътироф шуда буд.

Дар Тоҷикистон аз 1 то 25 августи соли 2023 – Маъракаи миллии дастгирии синамаконӣ гузаронида шуд. Лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ оиди фоида ва аҳамияти синамаконӣ дар сатҳи ҷомеа ташкил намуд. Лоиҳа на танҳо дар санаҳои муайян, балки ҳамарӯза дар масъалаҳои аҳамияти синамаконӣ барои модару кӯдак ташвиқоту тарғибот мебарад.

Оё Шумо медонед, ки ҳангоми таваллуд меъдаи тифли навзод танҳо ба андозаи як гелос аст ва дар аввал миқдори хеле ками ширро талаб мекунад? Вале мутаасифона аз надонистани маълумот аксарияти модарон ба додани шири сунъӣ мешитобанд. Вақте, ки Шумо ба кӯдакатон тез-тез сина медиҳед, меъдаи ӯ оҳиста-оҳиста калон мешавад ва шири Шумо низ ба миқдори зарурӣ меафзояд. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки дар як шабонарӯз мувофиқи талаби кӯдак на кам аз 8 то 12 маротиба сина маконед. Вақте ки кӯдак аломатҳои гуруснагиро нишон медиҳад, ӯро ба зудӣ маконед. Ҳаракат кунед, то синамаконӣ на камтар аз 20–30  дақиқа давом ёбад, то кӯдак ба пуррагӣ сер шавад.


Синамаконӣ - беҳтарин ғизои табиӣ аст барои кӯдак! Он кӯдакро аз дарунравӣ, илтиҳоби шуш, бемориҳои рӯдаву меъда ва дигар бемориҳои маъмул муҳофизат мекунад.  Хатари норасогии ғизо, хатари фарбеҳӣ, диабети қанд ва саратонро дар кӯдакон коҳиш медиҳад. Он ба модар низ манфиатовар аст. Хатари гирифтори саратони ғадуди сина ва тухмдон, диабети қанд ва афсурдагии баъди таваллудиро дар модар коҳиш медиҳад. Меҳру меҳаббатро байни модар ва кӯдак зиёд мегардонад.

Шири модар дорои потанҳои (антитела) табиӣ мебошад, ки ба кӯдаки Шумо дар мубориза бо сироятҳо кӯмак мерасонад. Миқдори калорияҳо ва маводи ғизоӣ (карбогидратҳо, равғанҳо ва сафедаҳо) дар таркиби шири модар аз ҳафта то ҳафта дигар ва дар давоми рӯз фарқ мекунад. Шири модар - ин ғизои табии пурқувват ва дорои гормонҳои фоиданок, сафедаҳо ва витаминҳо мебошад, ки дар ягон маҳсулоти сунъии дигар такрор намешавад. Он ҳатто ташнагии кӯдакро дар ҳавои гарм мешиканад, чунки 88% он аз об иборат аст. 

Синамаконӣ на танҳо барои модару кӯдак, балки барои буҷаи оила ва муҳити атроф манфиати беандоза дорад. Дар оилае, ки кӯдак бо шири модар калон мешавад, ҳоҷат ба харидани шири сунъии гаронарзиш ва шишаву чочакҳое, ки бояд доимо тоза бошанд ва ҳар се моҳ иваз карда шаванд, нест.

Шустани дастон бо собун, яке аз қоидаҳои зарур ва фоиданок ба шумор меравад. Модароне, ки дастони худро пеш аз синамаконӣ намешӯянд, ҳангоми ширдиҳӣ метавонанд бактерияҳо ва микробҳои зарароварро ба бадани кӯдакони худ ворид кунанд. Аз ин лиҳоз,  ҳатман пеш аз синамаконӣ дастонро бо собун шустан зарур аст.

Исбот шудааст, ки кӯдаконе, ки шири сунъӣ истеъмол мекунанд, тез-тез сироят ёфта, ба дарунравӣ ва дигар бемориҳо гирифтор мешаванд. Он оварда мерасонад ба як қатор мушкилиҳои саломатӣ, аз ҷумла қадпастӣ, камғизоӣ ва ҳатто фавти кӯдак. Инчунин, инкишофи зеҳнӣ ва ҷисмонии чунин кӯдакон, нисбат ба онҳое, ки шири модарро истеъмол мекунанд, сустар аст.

Кормандони тибб дар пешбурди фаъолиятҳои ташвиқотиву тарғиботӣ байни ҷомеа, оила ва баланд бардоштани ӯҳдадориҳои онҳо нисбат ба синамаконӣ, алалхусус падарон ва хушдоманҳо нақши калидӣ мебозанд. Барои беҳтар кардани сифати машварат ва корбарӣ дар байни аҳолӣ аз тарафи кормандони тиб, лоиҳаи USAID «Модари солим кӯдаки солим», якчанд маводҳои чопӣ ва видеороликҳоро эҷод карда, дар 12 ноҳияҳои зерҳадаф паҳн намудааст.

Лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим» аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор амалӣ карда мешавад. Лоиҳа вазъи саломатӣ ва ғизои модарону кӯдакони то 5-соларо беҳтар намуда, фаъолияти худро ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, кӯмак ба оилаҳо дар беҳтар намудани ғизо ва қабули тарзи ҳаёти солим равона мекунад.