Ба 20 нафар донишҷӯи макотиби олӣ ва мактабхонҳои ҷумҳурӣ стипендияи сафири Чин дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ тақдим шуд: ин маросим рӯзи 26 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, хабар медиҳад сафорати Чин дар Тоҷикистон.

Дар маросими мазкур ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, сафири Чин дар Тоҷикистон Сзи Шумин, роҳбарони дигар макотиби олии кишвар ва муҳассилини донишгоҳ ширкат варзиданд.

Ба гирифтани стипендия донишҷӯёни макотиби олии гуногун ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои мухталифи кишвар сазовор дониста шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо ба омӯхтани забони чинӣ машғул буда, дар чорабиниву озмунҳое, ки сафорат мегузаронад, фаъолона иштирок мекунанд.

Лекин дар бораи маблағи стипендия маълумот дода намешавад.

Дар ин чорабинӣ дар бораи дастовард ва имконоти Чин дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу табиат ва навгониҳои техникӣ филм намоиш дода шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён бо забонҳои тоҷикиву чинӣ суруду таронаҳо хонданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.