Имрӯз Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони шинохтаи кишвар ба 70-солагӣ қадам гузошт. Аксар суруду таронаҳои ӯ дар пояи худшиносиву ҳувиятхоҳӣ оҳанг баста шудааст. Ба ин муносибат “Азия-Плюс” бо Саидқул Билолов мусоҳиба орост.

Саидқул Билолов яке аз дӯстони наздики шоири шаҳир Бозор Собир аст ва ба беш аз 50 шеъри ӯ оҳанг ҳам бастааст. Ҳоло мегӯяд, ки “шеъри Бозор оҳанги иҷтимоӣ дорад ва онро насароидан гуноҳ аст”. Инчунин, дар ин гуфтугӯ ӯ дар бораи таъсиси як дастаи ҳунарӣ, рисолату раҳовардаш ва сарҷамъиву ишқу ҷудоӣ ҳарф зад.

- Бо чӣ корҳо масруфед ва 70-солагиро чӣ гуна таҷлил мекунед?

- Ба кори эҷодӣ машғулам, шеър мехонам, оҳанг менависам ва як китоби нав ҳам таҳия карда истодаам. Ду сол шуд, ки дар Консерваторияи миллӣ дарс мегӯям ва ба тарбияти шогирдон машғулам.

- Ҳар нафар дар ин дунё рисолат дорад. Рисолати худро дар чӣ мебинед ва дар иҷрои он то куҷо муваффақ ҳастед?

- Рисолати ман чун ҳунарманд даъвати мардум ба худшиносиву ҳувиятхоҳӣ садоқату муҳаббат ва покию озодагӣ аст. Ман бисёр мехоҳам, ки мардуми мо беш аз пеш ба сарзамину диёру хоки аҷдодиаш дилбаста бошанд, ба қадри волидон, фарзанди падар, хешовандону дӯстон ва ишқи пок расанд.

Ҳоло вақти дарави умри камина расидааст, то куҷо рисолати худро иҷро карда тавонистам, инро халқ қазоват мекунад, вале “пушаймон нестам аз умри полида, ба пирӣ мерасам аз хеш болида”.

Акс аз Радиои Озодӣ

Таърихчаи як дастаи ҳунарӣ

- Яке аз асосгузорони дастаи ҳунарии “Дарё”-и назди Кумитаи телевизион ва радио ҳастед. Таърихчаи таъсиси ин дастаи ҳунарӣ чӣ гуна буд?

- Пеш аз таъсиси дастаи ҳунарии “Дарё”, дар дастаи ҳунарии “Шашмақом” фаъолият доштам. Дар ин даста овозхонони зиёд фаъолият мекарданд, вале қисме бо сабки кӯҳистонӣ тарона мехонданд. Барои сабти суруд ҳам навбат намерасид.

Соли 1989 Акбар Ҷӯраев, раиси вақти Кумитаи ТВ ва радио, тасмими ташкили дастаи ҳунарии навро гирифт ва барои ҳунармандони ҷавон озмун эълон шуд. Аҳмад Бобоқулов раиси ҳайати ҳакамон буданд, маро даъват кардаву интихоби кормандони дастаи ҳунарии навро ба ман вогузор карданд.

“Ман раиси ҳайати ҳакамон ҳам бошам, интихоби бачаҳоро пурра ба ту вогузор мекунам, чун ту раиси ин дастаи ҳунарӣ мешавӣ”, - гуфтанд устод Бобоқулов.

Бо ҳамин дар озмун мо Сангалӣ Мирзоев, Қурбоналӣ Абдуллоев, Муҳаррама Шарипова ва Нуралӣ Шерматовро интихоб кардем ва “Дарё”-ро таъсис додем. Як теъдод овозхонони дигар аз дасти ҳунарии “Шашмақом” ба “Дарё” омаданд. Номи “Дарё”-ро ҳам ман интихоб кардам, ба он хотир ки дар даста аз ҳама минтақаҳо овозхонон ҷамъ омада буданд ва бо сабкҳои гуногун – зарафшонӣ, мастчоӣ, ҳисорӣ, хатлонӣ, бадахшонӣ тарона месароиданд. Яъне, мехостем шохаҳо дарё шаванд.

- Аз кори ин дастаи ҳунарӣ то чӣ ҳад қонеъ будед ва розӣ ҳастед, ки сабки “Дарё” сабки Саидқул Билолов аст?

- Аз кори сарояндагони “Дарё” розӣ будам. Кори бачаҳоро пурра назорат мекардам, сахтгириҳо доштам, намегузоштам, ки матни харобе оҳанг баста шавад. Фикр мекунам, ки ҳама сахтгириҳоям ба нафъи сарояндагони даста буд ва “Дарё” мавқеъ ёфту овозхонҳо ҳам шинохта шуданд. 7 шогирдам унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва 12 шогирди дигарам унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро соҳиб шуданд.

Дар мавриди сабки дастаи ҳунарии “Дарё” бошад, то ҷое дуруст аст, ки шогирдонам пайравӣ ба сабки камина мекунанд, вале кам нестанд овозхононе, ки роҳу услуби худро пайдо кардаву муваффақ ҳам шуданд.

- Чанд соли пеш аз Кумитаи ТВ ва радио ба нафақа баромадед. Чӣ шуд, ки корро бо шарнома дар он ҷо идома надодед ва дар Консерваторияи миллӣ ба кор пардохтед?

- Аслан, ман соли 2008 ба нафақа баромада будам, баъдан то соли 2020 бо шартнома дар Кумита фаъолият доштам. Соли 2021 аз Консерваторияи миллӣ хоҳиш карданд, ки ба шогирдон дарс гӯям. Розӣ шудаму омадам.

- Ҳоло “Дарё” чӣ ҳол дорад ва ҳамкорие ҳаст?

- Он “Дарё” ҳоло нест, аксари шогирдонам ба нафақа баромаданд, чанде аз олам гузаштанд. “Дарё” ҳам дигар шуд...
Акс аз Радиои Озодӣ

Раҳоварде тавъам бо сарҷамъиву ишқу ҷудоӣ

- Даҳҳо таронаҳои Шумо ба худшиносиву ҳувиятталабӣ равона шудааст ва оҳанги мутантан дорад. Аз хондани сурудҳои мутантан чӣ мехостед?

- Баъди ҷанги шаҳрвандӣ вазъ чунин сурудҳоро талаб мекард. Барои тоҷикон ваҳдат ва якдилӣ лозим буд. Ман ҳам бо суруд ба сарҷамъӣ даъват кардани халқро рисолати худ мешуморидам:

Биёед, биёед, дусад даст барорем,

Дусад дасти навозиш, ки гӯем чанорем.

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок,

Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар дона накорем.

Ё хеле муҳоҷирони тоҷик бо шунидани суруди “Тоҷикистон ҷону ҷонон” аз Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Ё суруди “Аз хуни Сиёвушем” гимни бисёр маҳфилҳо гашт. Ҳамин аст рисолати инсониву қарзи шаҳрвандии ман.

- Ишқ ҳам дар сурудҳои Шумо хеле зиёд васф шуда ва дар ин баробар, ҷудоӣ низ. Аз “Биё ҳамрози ҳам бошем” то “Ҳар гаҳе бе ман бимонӣ” чӣ мегӯед?

- Шеър ва мусиқӣ ҳарду ишқ аст. Ҳар касе як рӯз ошиқ буд, ба қавли Соиб, “дар рӯзи ҳашр осуд”. Аммо зиндагӣ рӯз дораду шаб, шодӣ дораду ғам. Ишқ низ бе ҷудоӣ намешавад...

Аз шеър то сиёсати Бозор Собир

Справка по теме

Саидқул Билолов 5-уми октябри 1953 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Дар 12-солагӣ фаъолияти овозхониро шурӯъ кард. Хатмкардаи Мактаб-интернати миёнаи мусиқӣ хореографӣ (1963), Мактаби мусиқии Малика Собирова (1971) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (1976) аст. Беш аз 500 тарона эҷод кардааст. Солҳои 2000-2005 вакили парлумон буд. Унвонҳои Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999) дорад ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (2002) аст. Сабти нотавии сурудҳои С. Билолов дар китобҳои “Дарёи суруд”, “Дилнома” ва “Дарё манам, дарё туӣ” нашр шудаанд.

- Ба беш аз 50 шеъри Бозор Собир оҳанг бастед. Дар ашъори Бозор Собир чӣ дидед ва ин шоирро чӣ гуна шинохтед?

- Мо солҳои мадид бо устод Бозор Собир ҳамкориву дӯстӣ доштем. Шеъри ӯ дард ва оҳанги иҷтимоӣ дорад. Баъзе шеърҳои ӯро оҳанг набастан гуноҳ аст. Ман даъвои шеършиносӣ намекунам, вале сар аз “Забони модарӣ”-ву “Теғи Сино”-ву “Аҳмади Дониш” то “Хуни Сиёвуш”-у “Зинда бо Балху Бадахшонем мо” таърихи халқи тоҷик аст ва ин хидмати ӯ фаромӯшношуданист. Шеъри Бозор Собир натанҳо тоҷикистониёро, балки тамоми форсизабононро ба ҳам мехонд.

- Аз Бозор Собири мусофиру муҳоҷир чӣ мегӯед?

- Бозор Собир дар Ватан шоир буд, дар муҳоҷират шоиртар шуд. Вақте шеъри “Дар дили ман монд”-и варо мехонед, дардашро дарк мекунед ва гиря накардан ногузир мешавад. Ё “Гулҳои Ватан начидаам даҳ сари сол” ҳар ватандорро такон медиҳад. Чӣ хел мешавад, ки ин сурудро нахонем? Гуноҳ нест магар?

- Ба андешаҳои сиёсии Бозор Собир чӣ назар доред?

- Аслан, зиндагии инсон бо сиёсат тавъам аст. Шеъру суруд ҳам. Бозор Собир дар замони Шӯравӣ шеъри “Забони модарӣ”-ро навишт, ин сиёсат аст гуфта, дар матбуот чоп накарданд. Ҳоло дар ҳар маҳфиле садо медиҳад: “Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст!”.

Бозор Собир ҳақиқатро мегуфт, агарчи талху кушанда буд. Ба қавли худаш “шоири осиву ёғӣ” буд ва ҳеч чизи пинҳоне надошт.

Бале, танҳо Худованд бекамбуд аст, дигар ҳар махлуқе хато мекунад ва Бозор ҳам мард буд, ки чанд хатои кардаашро ба гардан гирифт, ба Амрико рафт, дид демократияи он ҷоро ва омаду ба ин мазмун гуфт, “ман нав фаҳмидам, ки демакратияи ғарб дар шарқ лозим набудааст”. Баъд ба Сӯфиён (зодгоҳи Бозор Собир, - муаллиф) рафт, муддате дар хонаи падарӣ зиндагӣ кард, ормонашро шикаст.

Мо дар солҳои 1980-ум ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ додем, баъди ба ғурбат рафтанаш ҳам қариб ҳар ҳафта аз ҳоли ҳамдигар мепурсидем. Ман ҳеч вақт ва дар ҳеч шароите бо Бозор қатъи дӯстиву бародарӣ накардам.

Бозор ватандӯст буд, монд ва дар ватанаш ба хок супорида шуд.

Саидқул Билолов ва Бозор Собир
Акс аз Радиои Озодӣ

Мушкилоти санъати тоҷик ва роҳҳали он

- Шумо як давра вакили парлумон ҳам будед. Панҷ сол дар порлумон чӣ кардед?

- Дар порлумон ба мушкилоти санъату фарҳанг пардохтам, чун аз 9-солагӣ дар ин дег ҷӯшида будам ва аз ҳар вакили дигар мушкилоти соҳаро беҳтар медонистам ва барои бартараф кардани он роҳҳал доштам. Ман муовини Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ будам ва ду кори асосии мо дар он вақт қабул кардани қонунҳо “Дар бораи фарҳанг” ва “Дар бораи маориф” буд. Инчунин, ба чандин қонуни дигар тағйиру иловаҳо ворид кардем, ҳама барои рафъи мушкилоти санъату фарҳанг буданд.

- Мушкили мубрами санъати тоҷик ҳоло чист?

- Мушкили аслӣ ҳоло бесаводиву камсаводии сарояндагони ҷавон аст. Шеър бемаъно, оҳанг бемаъно, намоҳанг бемаъно. Бар замми ин, овоз нест, зинда сароида наметавонанд, аксар фонограмма мехонанд. Ман чандин сол шуд, ки консерти зиндаи сарояндагонро надидаам. Баъзе овозхонҳо суруди худро азёд намедонанд.

- Роҳҳал чист?

- Дар чандин кишварҳо, аз ҷумла дар Озарбойҷону Туркманистон барои сарояндагон манъ аст, ки фонограмма истифода кунанд. Ин таҷриба нишон дод, ки санъати давлатҳо чӣ гуна пеш рафт. Дар мо ҳам то фонограмма аз байн наравад, санъату фарҳанг ба таври чашмрас рушд намекунад.

Соли 2008 Қарори ҳукумати кишвар “Дар бораи манъи истифодабарии фонограмма” қабул шуда буд, вале чаро он иҷро намешавад, ман ҳайронам... Аз ин рӯ, агар дар ин робита қонун ба тасвиб расад ва ҷазо пешбинӣ гардад, фарҳангу санъати тоҷик ба таври назаррас рушд мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.