Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи ҳолатҳои маҳдуд намудани баромади қарздор аз ҳудуди Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

 

Ҳолатҳои маҳдуд намудани баромади қарздор аз ҳудуди Тоҷикистон: 

Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусуси муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷати иҷрои зерин қарор қабул намояд:

1) оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст;

2) оид ба талаботи хусусияти молумулкӣ надошта;

3) дигар талабот, ки маблағи қарздорӣ аз рӯи ҳуҷҷати иҷро зиёда аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.

Иҷрочии мақомоти иҷро, ки қарор оид ба маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намудааст, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро дар бораи бекор кардани муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.

 

Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон чӣ гуна ҳуҷҷат аст?

Мубодилаи маълумот дар бораи татбиқ ва бекор кардани муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни иҷрочии мақомоти иҷро ва мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои мубодилаи ин маълумот метавонад феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва низоми ягонаи байниидоравии электронӣ истифода бурда шавад.

Маълумот дар бораи қарздороне, ки нисбаташон қарор дар бораи муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, дар сомонаи расмии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.

Нусхаи қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бекор намудани он аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабули онҳо ба қарздор ва ба дастгоҳи марказии мақомоти иҷро ирсол карда мешавад. Дастгоҳи марказии мақомоти иҷро маълумот дар бораи татбиқ ва бекор кардани муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷират, назорати сарҳадӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аз ҷониби мақомоти иҷро бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он пеш бурда мешавад. Маълумот дар бораи қарздор (ба истиснои маълумот дар бораи қарздороне, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, инчунин қарздороне, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ зиёда аз се моҳ қарздор нестанд ва қарздорон оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрои хусусияти ғайри молу мулкидошта) ба Феҳрист дар баробари қабули қарори оғози истеҳсолоти иҷро ворид карда мешаванд. Тартиби пешбурди Феҳристро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Маълумот дар бораи қарздороне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд, дар сомонаи расмии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.

Бақайдгирии қарздор дар Феҳрист ӯро аз иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро озод намекунад.

Мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (аз ҷумла нотариусҳо, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул ва дигар мақомоти дахлдор) ва дигар субъектҳо дар ҳолатҳои иҷрои ваколатҳои ба онҳо вогузоршуда, дар сурати муроҷиати шахс барои иҷрои амали муайян, ки ба Феҳрист дохил гардида, дар сомонаи расмии Хадамот ҷойгир карда шудааст, ӯҳдадоранд то иҷрои ӯҳдадориҳои бо санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор вогузоркардашуда аз ҷониби шахси ба Феҳрист дохил кардашуда амалиёт нагузаронанд.

Ҳангоми дар бонкҳо кушодани суратҳисоб ба номи шахси воқеӣ, ки ба Феҳрист дохил карда шуда, дар сомонаи расмии Хадамот ҷойгир карда шудааст, аз ҷумла тавассути зерсохторҳои бонк ё ҳангоми пӯшидани суратҳисоб аз ҷониби ин шахс, бонкҳо ӯҳдадоранд Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи кушодан ё пӯшидани суратҳисоб огоҳ намоянд.

Иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадор аст на дертар аз рӯзи дигари корӣ пас аз рӯзи гирифтани огоҳинома дар бораи ҳабси молу мулк ва (ё) маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкии қарздор мавҷудбуда бо тартиби дар қонун пешбинигардида қарор қабул намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аллакай ба ин молу мулк бо ҳамин асосҳо ҳабс гузошта шудааст.

Бо ворид намудан ба Феҳрист шахс ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани молу мулки манқул ва ғайриманқулро, ки бояд дар феҳристи дахлдор ба қайд гирифта шавад, инчунин дигар неъматҳои молумулкии ғайримоддиро надорад.

Маҳдудиятҳо нисбати шахсоне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд, бо хориҷ намудани онҳо аз феҳрист бардошта мешаванд.

 

Асосҳо барои хориҷ намудан аз феҳрист инҳоянд:

1) иҷрои пурраи талаботи ҳуҷҷати иҷро;

2) ивази ҷаримаи таъингардида ба дигар намуди ҷазо;

3) дар ҳолати қатъ гардидани истеҳсолоти иҷро.

 

Ҳолатҳои маҷбуран овардани қарздор:

Ҳангоми ҳозир нашудани қарздор, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонун ба назди иҷрочии мақомоти иҷро даъват шудааст, қарздор маҷбуран оварда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳозир нашудан бо сабабҳои узрнок ба миён омадааст.

Сабабҳои узрноки ҳозир нашудани қарздори огоҳшуда инҳоянд:

1) беморие, ки ба ҳозиршавии қарздорро имконият намедиҳад;

2) фавти хешовандони наздик;

3) офатҳои табиӣ, садамаҳо;

4) дигар ҳолатҳое, ки барои ҳозир шудан дар муҳлати муайяншуда монеъ шудаанд.

Ҳангоми мавҷудияти сабабҳои узрнок барои ҳозиршавӣ дар мӯҳлати муайян, қарздор ӯҳдадор аст иҷрочии мақомоти иҷрое, ки ӯро даъват кардааст, огоҳ намояд.

Қарори иҷрочии мақомоти иҷро оид ба маҷбуран овардан аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқомати (ҷойи қарордошти) шахсе, ки аз даъвати иҷрочии мақомоти иҷро саркашӣ менамояд таъмин карда мешавад. Қарор пеш аз маҷбуран овардан ба шахсе, ки нисбаташ қарор қабул шудааст, эълон карда мешавад.

Ноболиғон, занони ҳомила, инчунин шахсоне, ки аз ҷиҳати саломатӣ тибқи шаҳодати духтур наметавонанд ё набояд ҷояшонро тарк кунанд, маҷбуран оварда намешаванд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.