Чанде аз директорони пажӯҳишгоҳ ё институтҳои илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд. Фармони барканориву таъини онҳоро дирӯз, 29-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард.
Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки сабаби барканории бархеи онҳо расидан ба синни нафақа ва қисме гузаштан ба кори дигар аст.
Аз ҷумла, бо сабаби ба нафақа баромадан Зарулло Раҳмонов, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ ва Гулчеҳра Қоҳирова, директори Институти астрофизикаи АМИТ аз вазифа озод шуданд.
Ба ҷои онҳо, Алишер Раҳимзода директори Институти математика ва Анвар Бӯризода директори Институти астрофизика таъин шуданд.
Файзалӣ Ҳакимов аз вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва Ёрмаҳмад Ниёзӣ, аз вазифаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ озод шуданд.
Сабаби барканории онҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст. Онҳо ба кадом вазифа таъин шудаанд, ҳоло маълум нест.
Нозим Маҳмадизода директори нави Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Дилшод Қадамзода директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский, Афзалшоҳ Зарифзода, директори Институти физикаву техникаи ба номи С. Умаров ва Рустам Ҳайдарзода, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ таъин гардиданд.
Ҳамчунин, бо қарори дигари ҳукумати кишвар Илҳом Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озод шудааст. Кӣ ба ҷои ӯ ректор таъин шудаст, ҳоло маълум нест.
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста