Маводи имрӯзаи мо дар бораи рассоми боистеъдоди тоҷик, муаллифи наққошӣ дар санг ё худ мозаикаи сангии "Шашмақом" аст, ки намои бинои собиқи ТВ "Сафина"-ро оро медиҳад.

Нахуст ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе қаблан дастур дод, ки мозаикаи таърихӣ барои наслҳои оянда нигаҳдорӣ шуда, гурӯҳи байнулмилалии коршиносони барқароркунанда аллакай ба кор пардохтаанд.

Пас ӯ кист, муаллифи ин мозаика, рассом Асрор Аминҷонов? Ӯ чӣ гуна инсон буд, чӣ гуна ба санъату ҳунар омад ва чаро нигоҳ доштани мероси ӯ муҳим аст?

Мо тасмим гирифтем, ки дар ин бора ба хонандагони "Азия-Плюс" мавод пешкаш кунем, аммо маълум шуд, ки маълумот дар бораи ин шахс дар дастрасии боз қариб вуҷуд надорад. Ба мо лозим омад, ки далелҳоро дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Аминҷонов кам-кам аз ҳар ҷое ҷамъ биоварем. Бо шогирдон ва ҳаммаслакони рассом, шахсоне, ки ӯро хуб мешинохтанд, суҳбат карда, дар Санкт-Петербург фарзандони устод Маърифат ва Темур Аминҷоновҳоро пайдо кардем. 

Дар натиҷа чунин мавод таҳия гардид.

Интихоби касб

Асрор Аминҷонов зимистони соли 1930 дар Душанбе таваллуд шуда, фарзанди 7-уми оилаи рӯҳонӣ мулло Тошпӯлод буд. Ба гуфтаи духтари рассом Маърифат, домулло Тошпӯлод аз Ӯзбекистони ҳамсоя ба Душанбе фирор карда, ба ин васила аз ҳукумати Шӯравӣ, ки қоидаҳои нави худро дар Туркистон роҳандозӣ мекард, паноҳ бурд.

Тарбияи муллои собиқ дар оила сахтгирона ва баъзан бераҳмона буд. Тибқи ҳикояҳои духтари рассом Маърифат, як рӯз домулло Тошпӯлод писарашро дар дуздӣ гумонбар дониста, гӯши ӯро ба дарахти ҳавлии хонаи худ мехкӯб кард.

Падараш дар бораи ин ҷазои даҳшатнок бо миннатдорӣ нақл карда, ба фарзандонаш портрети бобояшро нишон медод, ки доимо дар хонаи онҳо дар Душанбе, кӯчаи Умар Хайём 13 овезон буд.

"Падараш мегуфт, ки маҳз ҳамин ҷароҳат бори аввал ва якумрӣ  ӯро аз андешаҳо ва амалҳои бад ҳамеша дур кард", - мегӯяд Маърифат.

Ба гуфтаи писари рассом Темур, ба бобояш Тошпӯлод интихоби касби писараш маъқул набуд, аммо рассом ба шуғли интихобкардааш содиқ монд.

Касби рассомии ӯ дар Омӯзишгоҳи санъати Душанбе оғоз ёфт. Дар ин ҷо истеъдоди ӯро ба назар гирифта, ҷавонро ҳамроҳ бо се донишҷӯи дигар ба Омӯзишгоҳи саноатӣ-бадеии Ленинград ба номи В.И.Мухина (ҳоло СПбГХПА ба номи М.А.Л. Штиглис) фиристоданд.

"Таҳсили падарам дар Ленинград ба солҳои душвори баъдиҷангӣ дар шаҳр, ки танҳо чанде пеш аз муҳосира наҷот ёфта буд, рост омад. Ӯ нақл мекард, ки чӣ гуна вақте ки донишҷӯ буд, гуруснагӣ мекашид ва ҳама гуна имконияти пайдо кардани хӯрокро меҷуст, бо ҳар коре, ки метавонист, пул ба даст меовард. Ҳатто рақсро таълим медод...", - мегӯяд Темур.

Дар он ҷо рассоми ҷавон бо ҳамсари ояндаи худ Людмила Геворская шинос шуда, баъдтар бо ӯ ба пойтахти Тоҷикистон меоянд. Падари Арсор ин дафъа ҳам писарашро дастгирӣ накард, интихоби ҳамсари ӯро хуш надошт. Аз ин рӯ, ҳамсарони ҷавон аз волидон дастгирии моддӣ надоштанд.

“Рассоми ҷавон муддати дароз кор пайдо карда натавонист, зеро фармоишҳои маъмултарини он замон - тасвири портретҳои Ленинро ӯ рад карда, чунин "ҳунар"-ро барои худ ғайриқобили қабул медонист. Падарам берун аз замон ва сиёсат эҷодкор буд. Вай истеъдоди худ ва тамоми умри худро ба ҳунару фарҳанги Тоҷикистон бахшид, кӯҳҳои Помирро дӯст медошт ва медонист, пиёда онҳоро тай карда, дар ҷустуҷӯи сангҳои зарурӣ бисёр ағба ва қуллаҳоро таҳқиқ кард", - изҳор мекунад Темур Аминҷонов.

 «Дастонаш харошу захмҳои зиёд доштанд»

Асрор Аминҷонов тадриҷан аз рассомӣ ба корҳои монументалии мозаикаи сангӣ гузашт.

Асрор Аминҷонов ҳангоми кор
Сурат аз ҷониби Шаҳноза Бобоҷонова пешниҳод шуд

Ӯ аз давлат фармоиш намегирифт, зеро онҳо асосан бо мавзӯъҳои идеологӣ алоқаманд буданд. Аммо дӯстонаш ба Асрор ба ҳар гунае, ки метавонистанд, кумак мекарданд.

"Яке аз мухлисони истеъдоди ӯ роҳбари корхонаи сохтмонӣ буд. Ҳамин тавр, як қатор истгоҳҳои автобусҳои бо мозаикаи ӯ зинатёфта пайдо шуданд. Падарам мегуфт: "Санг ва бетон маводи абадӣ аст. Санъати ман бо халқам ҷовидон боқӣ мемонад", - ба хотир меорад писараш.

Темур Аминҷонов дастони пур аз харошу захмҳои падарашро низ дар ёд дорад. Сохтани мозаикаи сангӣ кори хеле заҳматталаб аст.

Тавре Темур мегӯяд, даҳҳо тонна сангҳои навъу рангҳои гуногун дар кӯҳҳо ҷамъоварӣ шуда, дар халтаҳои одӣ садҳо километр бо пайроҳаҳои кӯҳӣ оварда мешуданд.

"Дар мозаика садҳо сояандозии ранг лозим буд ва ҳар кадоми онҳоро ёфтан, рангро дар санги дарё муқаррар намудан, онро бо болғаи одӣ майда кардану мустақилона овардан лозим буд", - зикр мекунад Темур.

Ҳатто донишҷӯёни таҷрибаомӯз ва коргарон ба чунин меҳнати тоқатфарсо тоб оварда натавониста, аксар вақт аз кор даст мекашиданд.

“Мозаикаи падарам ана ҳамин тавр эҷод шуда, ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбеи дӯстдошташро зебу оро медод", - мегӯяд Темур Аминҷонов.

Асрор Аминҷонов бо дӯстонаш
Сурат аз ҷониби Маърифат Аминҷонова пешниҳод шуд

Маърифат ба хотир меорад, ки ба хонаи онҳо дар кӯчаи У.Хайём эҷодкорон зиёд меомаданд:

"Падарам бо олимон, ҳунармандони балет, нависандагон, арбобони санъат дӯстӣ мекард. Ба хонаи мо Тимур Зулфиқоров, Малика Собирова, Сабзалӣ Шарипов, Лутфия Айнӣ ва дигарон ташриф овардаанд. Идеяи асосии муттаҳид кардани ҳамаи ин одамон хоҳиши самимии хидмат ба одамон буд.

Ба гуфтаи ӯ, ба падараш аксар вақт оид ба ороиши хонаҳои хусусӣ ва фаввораҳо пешниҳодҳо мешуданд, лекин ӯ ягон фармоиши хусусиро иҷро накардааст, зеро чунин фикр мекард, ки санъат бояд ба мардум хизмат кунад…

«Падари мозаикаи сангӣ»

Яке аз шахсоне, ки “усто Асрор”-ро дар ёд дорад, Рассоми халқии Тоҷикистон, устоди наққошии деворӣ (монументалист) Сабзалӣ Шарипов мебошад. Ӯ дар Омӯзишгоҳи рассомии ба номи М.Олимов аз ӯ сабақ гирифтааст.

Рассоми кино Манзура Улҷабоева дар мақолаи худ зикр мекунад, ки дар омӯзишгоҳ ӯ дар 2 шуъба - нассоҷӣ ва ороишиву тарроҳӣ дарс мегуфт. Асрор Аминҷонов ба барномаи таълим дарси мозаикаи сангиро низ ҷорӣ кард.

Сабзалӣ Неъматович омӯзгор ва насли рассомони ӯро ҳамчун насли "қолабшикан”-и он замон дар хотир дорад.

“Аввалин чизе, ки онҳо ба меъмории муосири Тоҷикистон ворид карданд, санъати монументалӣ аст. "Падари мозаикаи сангӣ" аз санги табиӣ маҳз Асрор Аминҷонов буд. На ҳама он вақт ин навъи санъатро мефаҳмиданд ва кӯшиш мекарданд, ки монеъа эҷод созанд. Зеро асарҳои ӯ ба қолаб (стереотип) ва талаботи идеологии он замон мувофиқат намекарданд”, - ба ёд меорад ӯ.

Аз устоди худ ӯ бисёр чизҳоро омӯхт. Усто ба донишҷӯён натанҳо назарияро меомӯзонид, балки онҳоро ба корҳои амалӣ низ ҷалб мекард. Яке аз чунин корҳо мозаика дар намо (фасад)-и кинотеатри “Норак” дар шаҳри Норак мебошад. Ин ҳамчунин яке аз корҳои аввалини Аминҷонов маҳсуб меёбад.

Кинотеатри Норак
Сурат аз торнамои wikimapia.org

"Ин тасвири як марди бузурги бараҳна буд. Дар сохтани ин мозаика мо ба ӯ кумак кардем. На ҳама он вақт ин асарро қабул карданд, мегуфтанд, ки охир ин бадани бараҳна аст! Он замон сензураи хеле сахт буд. Аммо баъди ҳамчун "бузургтарин мозаика" эътироф шудани он, мухолифон маҷбур шуданд, ки розӣ шаванд. Пас аз ин ба Асрор Тошпӯлодович роҳ ба сӯи рассомӣ боз шуд", - ба хотир меорад Сабзалӣ Шарипов.

Баъдтар Аминҷонов рӯйи мозаикаи “Паланг дар роҳ” дар нишебии кӯчаи Путовский кор карда, асарҳои ӯ намои кинотеатри тобистонаи “Ҷавонон”, бинои киностудияи “Тоҷикфилм” ва ғайраро зебу зинат бахшиданд.

Асарҳои Асрор Аминҷоновро дар истгоҳҳое, ки аз он ҷо автобусҳо ба Фахробод, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин раҳсипор мешуданд, дидан мумкин буд.

Истгоҳ дар роҳи Душанбе - Ваҳдат (Орҷоникидзеобод)
Сурат аз Ғафур Шерматов

Дар роҳ ба самти ноҳияи Рашт “Чашмаи шоирон” мавҷуд аст, ки дар он ҷо Аминҷонов як маҷмӯи комили меъмориро эҷод кардааст. Барои анҷоми ин кор ӯ ҳудуди 5 сол заҳмат кашид...

"Бо роҳбарии Асрор Тошпӯлодович ман кори дипломии худ - "Шӯриши Восеъ "(1967), порчаи портрети Восеъро навиштам. Баъд ман ба донишкадаи Тошканд рафтам. Вақте ки пас аз супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ баргаштам, ӯ рӯйи тарҳи мозаикаи "Шашмақом" кор мекард, ин фармоиши Вазорати фарҳанг буд. Он вақт ӯ дар бораи ҷойи он чандон фикр намекард: як шахси эътиқодманд буд ва дар бораи кор пеш аз вақт сӯҳбат карданро дӯст намедошт.

Ҷараёни кор ҳангоми сохтмони мозакаи Шашмақом
Сурат аз ҷониби Маърифат Аминҷонова пешниҳод шуд

“Усто Асрор"-ро шогирди дигари ӯ - Ҷумъа Абдурауфов низ, ки маҳз ба туфайли Аминҷонов ба Омӯзишгоҳи рассомии Душанбе дохил шуд, дар хотир дорад. Соли 1967 ӯ ҳамроҳи дӯсташ барои дохил шудани ба шуъбаи рассомӣ омаданд. Яке аз омӯзгороне, ки бо корҳои доватлабони ҷавон шинос шуд, Асрор Аминҷонов буд.

Бо дидани расмҳои Ҷумъа ва дӯсти ӯ Ҳасан Ҷумъаев, омӯзгор онҳоро барои таҷрибаомӯзӣ ба кӯҳҳои Такоб даъват кард. Онҳо дарҳол розӣ шуданд. Дар он ҷо онҳо барои дохил шудан омодагӣ мегирифтанд. Асрор Аминҷонов ба донишҷӯёни оянда натанҳо ҳунар, балки ҳаётро ҳам сабақ дод.

“Ҳамчун омӯзгор ӯ сахтгир набуд, пеш аз вазифа додан мавзӯъ ва чӣ гуна омода шуданро батфсил мефаҳмонид ва сипас санҷиши онро ҳам фаромӯш намекард. Ӯ бо поквиҷдонӣ, боинсофӣ ва заҳматдӯстӣ дар хотири мо боқӣ монд, - ба ёд меорад Ҷумъа Абдурауфов. - Мо баъзан ба кӯҳҳо расмкашӣ рафта, дар хаймаҳо зиндагӣ мекардем. Асрор Аминҷонов дар он ҷо ба ғайр аз корҳои наққошӣ, бо акварел машғул шуда, барои мозаика сангҳои нодир ҷамъоварӣ мекард. Мо, шогирдонаш кӯшиш мекардем, ки меҳнатдӯстӣ, дар вақташ иҷрои кардани корро аз ӯ ёд гирем...».
Ҷараёни сохтани мозаикаи Шашмақом
Сурат аз ҷониби Маърифат Аминҷонова пешниҳод шуд

 «Вақте ҳунараш ба авҷи аъло расид»

Сабзалӣ Шарипов бар ин назар аст, ки мозаикаи “Шашмақом” аз рӯи услуби худ хеле мавзун ва нафис сохта шудааст. Модул (андозаи санг) ва шакл дар мозаика аҳамияти калон доранд.

“Дар корҳои пешинаи Аминҷонов сангҳо чунин ифодаи мавзун надоштанд. Гуфтан мумкин аст, ки ин ҷо Асрор Тошпӯлодов ба авҷи аълои ҳунари худ расид”, - мегӯяд Сабзалӣ Шарипов. Духтари рассом Маърифат нақл мекунад, ки модараш Маргартиа Скреплёва - ҳамсари дуюми рассом ҳаммуаллифи мозаика аст.

Он замон ҳамаи корҳои рассомон тариқи сензура (тафтиши)-и Кумитаи марказӣ гузашта, ҳатто номи асарҳо мувофиқа мешуд. “Шашмаком” санъати ӯзбекӣ дониста шуда, раҳбарият мухолифи ин ном буд, лекин Асрор Аминҷонов фикри дигар дошт.

"Шашмақом” сарвати тамоми ҷаҳон аст, ин калимаи форсӣ буда, аз ин рӯ ман мозаикаи мазкурро "Шашмақом" ном гузоштам. Он замон бо ин амалаш ӯ нишон дод, ки то чӣ андоза рассоми ватандӯст буд", - зикр мекунад Сабзалӣ Неъматович.

Сабзалӣ Шарипов тасдиқ мекунад, ки "Шашмақом" аввалин кори нақши деворӣ (монументал)-и рассоми касбӣ дар меъмории тоҷик аст.

Сурат аз Ғафур Шерматов

Асрор Аминҷонов маҷмӯи мукаммали сангҳои рангҳои гуногунро ҷамъоварӣ намуда, харитаи дар кадом минтақаҳо мавҷуд будани ин сангҳоро тартиб дод.

Арзиши мозаикаи "Шашмақом"-ро писари муаллифи он низ зикр мекунад. "Корҳои падарам аз замон ва шароит берун буданд, аз ин рӯ онҳо дар замони зиндагии ӯ ба таври шоиста қадр карда нашуданд. Ӯ ягон тасвири Ленин ё Марксро наофаридааст. Аммо рақси духтарону писарон дар ин мозаика зинда ба назар намуда, танҳо як лаҳза зери садои мусиқии миллӣ бозистодаанд.

"Шашмақом" асари олиҷанобест, ки муҳаббати беандоза ба мардуми ҷумҳурӣ ва ҳаёти душвори пур аз заҳмати онҳоро таҷассум мекунад. Мусиқии миллӣ ва рақсҳои зебои мардумӣ симои ҳақиқии мардум буда, падарам онҳоро барои наслҳои оянда сабт кардааст. Барои он ки онҳо ҳувияти фарҳангии худро нигоҳ доранд ва ғуломи фарҳангҳои бегона нашаванд", - мегӯяд Темур Аминҷонов.

«Мероси мо ҳифз карда шавад!»

Ба ақидаи коршиносон ва фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон, ташаббуси шаҳрдори Душанберо оид ба ҳифзи мозаикаи “Шашмақом” нисбати дигар асарҳои монументалии санъати пойтахти кишвар ва саросари ҷумҳурӣ мавриди амал қарор додан муҳим аст.

“Санъати монументалӣ умри дароз дошта барои ҳама дастрас аст ва бо ҳамин хусусияташ аз ҳунари эҷод бо асбобу дастгоҳҳо, ки онҳоро танҳо дар намоишгоҳҳо ё салонҳо дидан мумкин аст, фарқ мекунад. Мозаика барои тамошобин ҳамеша дастрас аст, онро доимо ҳазорҳо чашм мебинанд. Ин асарҳои бадеӣ мебошанд, ки бевосита ба меъмории шаҳр дохиланд - дар намо ва дар дохили биноҳо, - мегӯяд раиси Иттифоқи рассомон Наргис Ҳамидова. - Аз ин рӯ, санъати монументалиро набояд фаромӯш кард. Мо бояд он чизеро, ки мерос гирифтаем, ҳифз кунем, то ки аз боқӣ гузоштани онҳо ба насли оянда шарм надошта бошем.

Дар Тоҷикистон, зикр мекунад ӯ, санъати монументалӣ-ороишӣ маҳз дар солҳои 70-80-уми асри гузашта хеле муваффақона рушд кард.

Дар ин соҳа аввалин комёбиҳо бо номи рассоми монументалист Асрор Аминҷонов алоқаманд буданд.

"Шашмақом" бошад, ҳамеша яке аз корҳои муҳимтарини рассом ҳисобида мешуд. Имрӯз ин мозаика яке аз шоҳкориҳои санъати монументалии кишвари мо эътироф шудааст", - илова мекунад Наргис Ҳамидова.

Аҳаммияти ҳифзи чунин асарҳоро духтари Асрор Аминҷонов Маърифат низ зикр мекунад. Ӯ касби падарро пайгир шуда, тарроҳ шуд ва Академияи давлатии рассомӣ-саноатии ба номи Штиглисро дар Санкт-Петербург хатм кард.

"Соли 2014 ман ба Тоҷикистон омада, аз ҳамаи иншооти боқимондаи падарам дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздид намуда, аксбардорӣ кардам. Баъзе аз мозаикаҳо аз селҳо осеб дида, дар яке аз истгоҳҳо осори дуди сиёҳро дидам, ки аз ҳодисаҳои даҳшатноки ҷанг дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Аммо намунаҳои хубе низ буданд, ки корҳои падарам хуб ҳифз шудаанд. Нақши девории "Шашмақом" яке аз онҳост”, - мегӯяд Маърифат.

- Ман даст ба дуо бардошта, аз мардуме, ки чунин қарорҳо ба онҳо вобастаанд, аз номи ҳамаи хоҳару бародарони муқими Тоҷикистон ва берун аз он хоҳиш менамоям, ки мозаикаи "Шашмақом"-ро дар шакли иншооти мероси фарҳангӣ ҳамчун хотираи нек барои набераву абераву чабераҳо боқӣ гузоранд.
Дӯстон, рассомон, фарзандон ва набераҳои Асрор Аминҷонов
Сурат аз ҷониби Темур Аминҷонов пешниҳод шуд

Ба эҷодиёти Асрор Аминҷонов ҳатто расми "Созандагони зебоӣ" бахшида шудааст, ки онро рассом аз Тоҷикистон бо номи Байский офаридааст. Номи муаллиф зикр нашуда, он соли 1968 офарида шудааст.

Дар он ҷараёни эҷоди мозаикаи "Шашмақом"нишон дода шудааст.

Офарандагони зебоӣ
Сурат аз саҳифаи Osmon Art Gallery дар шабакаҳои иҷтимоӣ

"Рассоми халқӣ"

"Усто Асрор" то охирин рӯзҳои зиндагӣ ба эҷодиёташ идома дод. Вай соли 1990 ҳангоми кор дар устохонаи худ аз сактаи дил вафот кард…

Сарфи назар аз офаридани асарҳои зиёди бадеӣ, Асрор Аминҷонов ба унвони "Рассоми халқӣ" соҳиб нашуд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар таърихи Тоҷикистон ва хотираи мардум маҳз ҳамчун "Рассоми халқӣ" боқӣ мемонад ва имрӯз ҳам аз офаридаҳои ӯ ҳазорон одамони одӣ метавонанд лаззат баранду мафтун шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.