Кобинаи вазирони Русия ба вуруди донишҷӯёни хориҷие, кт дар ин кишвар таҳсил мекунанд, иҷоза дод. Санаде, ки дар ин замина 16 март ба имзо расидааст, на ба ҳама, танҳое ба донишҷӯёне иҷоза медиҳад, ки вазъи эпидемологӣ дар онҳо беҳбуд ёфтааст, менависад нашрияи "Известия".
Ин кишварҳо бар асоси пешниҳоди вазорати маорифу илм ва тасдиқи Ситоди фаврии муқобила бо коронавирус дар ин кишвар муайян карда мешавад. Ин тасмимро палатаи поёни порлумони Русия ҳам пуштибонӣ кардааст.
Вазорати илму маорифи Русия гуфтааст, ки ба донишҷӯён хабари иҷоза ёфтанро худи донишгоҳо ва ба василаи нашри маълумот дар торнамоҳои худи донишгоҳҳо ва ба василаи шабакаҳои иҷтимоиву паёрасонҳо мерасонанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки баро баргашт ба донишгоҳҳои омодагии вижа талаб карда мешавад.
Донишҷӯёни хориҷӣ 10 рӯз қабл аз рӯзи омадан ба Русия бояд тавассути почтаи электронӣ куратори донишгоҳияшро аз рӯзи омадани худаш ба нуқтаи марзӣ хабар дор кунад.
Ҳамаи донишҷӯён барои вуруд ба Русия бояд тавассути почтаи электронӣ иҷоза ё тасдиқи намояндаи мактаби олиро дарёфт кунанд ва тести лозим супоранд. Ташхисро бояд на пештар аз се рӯзи ворид шудани ба Русия бисупоранд.
Донишҷӯён баъди ворид шудани ба Русия бояд натиҷаҳои тести худро ба масъулини донишгоҳ ва хобгоҳ пешниҳод кунанд. Ҳамчунин дар Русия бояд дубора ин гуна тест бисупоранд ва то маълум шудани натиҷаи тестҳояшон қоидаҳои худинзивоиро дар хобгоҳ риоят кунад ва метавонад дар ин муддат ба таҳсил онлайн идома бидиҳад.
Донишҷӯёни тоҷик то кунун ин иҷозаро дарёфт накардаанд ва то маълум шудани иҷоза ба дарсҳояшон онлайн идома медиҳанд.
Ҳоло бино ба маълумоти расмии Вазорати маориф дар Тоҷикистон 1800 донишҷӯй банд мондаанд. Аммо инҳо донишҷӯёне мебошанд, ки расман дар пойгоҳи Вазорати маориф сабти ном шудаанд, онҳое ки сабт нашудаанд метавонанд зиёдтар бошанд.
Тирамоҳи соли 2020 донишҷӯёни тоҷик талоши зиёде карданд, ки Русия барои онҳо иҷоза бидиҳад, ки бираванд, вале ин талошҳояшон натиҷа надод. Онҳо барои додхоҳӣ ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон рафтанд, аммо натиҷае ҳосил нашуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста