Даргузашти Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон вокуниши мухталиф дар пай дошт.

Қисме ӯро роҳбари адолатхоҳ, сиёсатмадоре, ки кӯшиш кард, мардум дар ҷомеаи озод, ҳамчун инсони баробарҳуқуқ бо арзишҳои умумибашарӣ зиндагӣ намояд унвон карда, тасмими бозсозии ӯро шикастани қолабҳои то ин дам шаклгирифта унвон карданд.

Бархеи дигар Горбачёвро танқид карда, ӯро гунаҳкори аслии пошхӯрии давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ медонанд, ки дар пай ҷангу муноқиша ва заифшавии иқтисодиро дар қаламрави давлатҳои аъзои ин иттиҳод дошт.

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони дигари кишварҳои собиқи Шӯравӣ, ба пайвандону наздикони Михаил Горбачёв изҳори таслият карда, марги ӯро боиси андӯҳ унвон кардааст.

“Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандон ва наздикони марҳум иброз намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем”, - омадааст дар барқияи тасалияти Эмомалӣ Раҳмон.

“Агар ватандӯст ҳастед, Горбачёвро бояд ситоиш кунед”

Абдуқодири Рустам, адиби тоҷик Горбачёвро марде унвон кардааст, ки андеша ва фаъолияташ барои зиндагӣ ва сарнавишти миллионҳо нафар муассир буд.

“Ман шахсан худ барои нахустин бор пас аз бозсозии Горбачев худро инсони озод эҳсос кардам ва аз зиндагӣ лаззат бурдам. Албатта, он замон ҷавон будем, эҳсоси зиндагии пурҷушу хурӯш ва умед ба ояндаи хубу дурахшон доштем. Имрӯз на он эҳсос ҳаст ва на он умед. Вале ин амр дигар марбут ба Горбачёв нест. Ӯ бо фурӯ пошидани Иттифоқи Шӯравӣ аз саҳнаи сиёсат рафт ва дигар фаъолияташ барои зиндагии миллионҳо нафар одамон таъсири мустақим надошт. Аммо таъсире, ки дар заминаи фаъолияти ӯ дар равандҳои сиёсии "шашяки рӯйи замин" ба таҳаққуқ пайваст, ҳанӯз боқист ва то абад боқӣ хоҳад буд”, - навиштааст ин адиби тоҷик.

Номбурда бар ин назар аст, ки озодии дин барои аввал дар Шӯравӣ дар замони Горбачёв ва аз баракати сиёсатҳои ӯ таҳаққуқ ёфт.

Ба таъкиди Абдуқодири Рустам, муҳимтарин мероси сиёсии Горбачёв истиқлоли ҷамоҳири шӯравии собиқ буда, онҳое, ки “бо роҳпаймоӣ ва рақсу суруд” истиқлолро таҷлил мекунанд қарздори Горбачёв ҳастанд.

“Агар ин афрод Горбачёвро дуои бад мекунанд, ҳама носозгории зиндагиашонро марбут ба ӯ медонад, куфрони неъмат мекунанд, ба намакдон туф мекунанд! Агар Горбачёвро таъну лаън мекунед, ифтихоратон аз Истиқлоли кишвар дурӯғин аст, агар воқеан ватандӯст ҳастед, пас пештар ва бештар аз ҳама Горбачёвро бояд ситоиш бикунед”, - гуфтааст Абдуқодири Рустам.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори тоҷик низ Горбачёвро ба унвони сиёсатмадоре ном бурдааст, ки кӯшиш кард, мардум дар ҷомеаи озод, ҳамчун инсони баробарҳуқуқ, нотарс бо арзишҳои умумибашарӣ зиндагӣ намояд.

Ба таъкиди вай, солҳо мегузарад, аммо мардуми огоҳ шуҷоати ин шахсияти нотакрорро фаромӯш намекунанд.

“Ёдашон бароям ҳамеша ҳамчун қаҳрамони умумибашарӣ мемонад”, - зикр кардааст Бобоназарова.

“Чанд тоҷик қатли ом ва чанд нафар гуреза шуд?”

Вале Обид Шукурзода, донишманди тоҷик Горбачёвро танқид карда, гуфтааст, ки ӯ мехост, империяи ваҳшатро ба як кишвари раҳмат табдил диҳад, аммо хоҷамаобони ваҳшаторою истибдодгар аз аспи манишу худхоҳӣ пойин нашуданд, балки роҳи муроди ин мунодии озодиро бастанд ва боз таҷовузу хунрезию кушторро давом доданд.

“Ҳисоб кардед, чанд миллион тоҷик ҳангоми ғасби кишвари Бухорои мо дар оғози садаи 20 аз СССР-иҳо қатли ом гашт? Ҳисоб кардед, дар ин давра чанд миллиони дигар аз Варорӯд ба Афғонистону дигар ҷойҳо умрбод ҷалои ватан карданд, дар шаҳрҳое ҳамчун Хоразму Марв номи тоҷик намонд? Ҳисоб кардед, дар тройкаи солҳои 1930 чанд миллиони дигар, аксаран рӯшанфикорони мо, аз дами теғи СССР гузаштанд? Ҳисоб кардед дар сояи наҳси СССР оину дини мо таҳқир мешуд, забони мо баста буд, дар Конститутсияи РСС Тоҷикистон забони қонунии он ҷой надошт”, - нигаронӣ кардааст Шукурзода.


Бахтиёр Қутбиддин, декани факултети журналистикаи ДМТ низ дар робита ба даргузашти Горбачёв чанд нуктаро барои насле, ки ӯро намешиносанд, ёдоварӣ кардааст. Аз ҷумла гуфтааст, ки маҳз Горбачёв мусоидат кард, ки пояҳои давлати Шӯравӣ шикаста шавад.

Ҳамин тавр ӯ навишт, ки “садсолаҳо душманони Русия бо ҷангҳои хунин ҳам империяи онро шикаста натавонистанд, аммо Горбачёв ин масъаларо бе рехтани хун ҳал кард” ва ба “ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бехабару номаълум истиқлолияти муфтро ҳадя кард”.

Ин устоди донишгоҳ “суст шудани рақобати силоҳи ядроиро ягона хидмати чашмраси Горбачёв” унвон карда, ӯро яке аз мусоидакунандагони ташаккули сиёсати "ҷаҳони якқутба" номбар кардааст, ки “наҳсиву касофатиҳои зиёди имрӯзаи ҷаҳон ба ҳамин иллат аст”.

Андешаҳои гуногуне, ки оид ба шахсият ва фаъолияти Михаил Горбачёв дар Тоҷикистон ҷой доранд, гувоҳи ҷеҳраи баҳснок будани ӯст. Ҳамчунин, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол шахсият ва пайкори ин сиёсатмадор мавриди баҳсу мунозира қарор дошта, қазовати ниҳоӣ ҳосил нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед