Шарҳи навбатии рӯйдодҳои муҳими сиёсати байнулмилалии ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон, ки ба ин ё он восита ба минтақаи Осиёи Марказӣ низ дахл доранд.

Мавҷи нави поинравии қурби рубли Русия

Ҳафтаи гузашта пас аз танаффуси кӯтоҳ поинравии қурби рубли русӣ идома ёфт. Тибқи маълумоти савдо дар Биржаи Маскав, қурби доллар аз 25 марти соли 2022 бори нахуст аз 97 рубл гузашт.

Дар ифтитоҳи савдо як доллар дар сатҳи 95,705 рубл қарор дошт, EUR0 то ин замон ба 106,52 рубл баробар шуда, 91 тин боло рафт. Арзиши сабади дуҷониба (0,55 доллар ва 0,45 евро) 1,12 рубл афзуда, ба 101,27 рубл расид.

Дар маҷмӯъ, давоми моҳҳои июн-июль қурби рубли русӣ дар баробари доллар ва евро чанд маротиба боло рафт ва беқурб шуд, аммо тамоюли умумии поинравӣ бартарӣ дошт. Тавре ки Интерфакс менависад, аллакай дар моҳи июн қурби рубл нисбат ба се асъори асосии хориҷии савдошаванда: доллари ИМА 5,2%, евро – 4,9%, юан – 2,8% поин рафт.

Поинравии қурби рубл, тавре таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ба вазъи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тибқи иттилои ҳукумати Русия, менависад Радиои Азаттык, беш аз 7,8 миллион муҳоҷирон аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар соли 2021 дар Русия сабтином шудаанд, сабаби вуруд ба ин кишварро “кор” унвон кардаанд.

Аз ин шумор беш аз 4,5 миллион нафар аз Ӯзбекистон, ҳудуди 2,4 миллион нафар аз Тоҷикистон ва ҳудуди 900 ҳазор нафар шаҳрвандони Қирғизистон будаанд.

Соли гузашта, вақте ки қурби рубл ба муддати кӯтоҳ ҳатто аз 100 рубл барои як доллар поин рафт, хуруҷи муҳоҷирони корӣ аз Русия ба кишварҳояшон афзуд - бо ин қурб даромади қишри осебпазири муҳоҷирон ба ҳадде коҳиш ёфт, ки маҷбур шуданд ба бозгашт ба хона оғоз кунанд.

Ба ин тариқ, дар семоҳаи аввали соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 60 ҳазор ва ба Ӯзбекистон - 133 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ баргаштанд. Тибқи як назарсанҷии Агентии муҳоҷирати кории хориҷии Ӯзбекистон, 40 дарсади онҳо гуфтаанд, ки ба далели бекорӣ ва бесуботии қурби асъор ба кишвар баргаштаанд.

Сурат: Коммерсантъ

Аммо то тобистон қурби рубл (инчунин қурби асъорҳои миллӣ) мӯътадил шуд ва поин рафта, вазъро дар бозори меҳнати Русия низ ба эътидол овард.

Имрӯз шоҳиди онем, ки рубл боз ба ҳамон ба истилоҳ "хати сурх"-и рамзӣ - 100 рубл барои як доллар наздик мешавад.

То ҳол коҳиши нав ба вазъи иқтисоди Русия ва ҳамчунин ба шумори муҳоҷирати корӣ таъсири ҷиддӣ намерасонад. Ин асосан ба эътимоди боқимондаи аҳолӣ вобаста аст, ки бовар дорад ҳукумати Русия аз ӯҳдаи он баромада, бори дигар вазъро дар бозори асъор ба эътидол меорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши Банки.ру, долони нав барои ҷуфти рубл/доллар, ки ҳукумати Русия дар ин соли пешазинтихоботӣ (соли оянда интихоботи президентӣ дар Русия) онро риоя хоҳад кард, 85- 95 рублро ташкил медиҳад.

Ба истилоҳи дигар, рубли русӣ дар доираи ин долони ногуфта эҳтимол устувор шавад.

Савол ин аст, ки оё ҳукумати Русия метавонад то охири сол қурби асъорро дар ин ҳудуд нигоҳ дорад - дар мавриди ин масъала байни иқтисодчиёни маъруфи Русия ихтилофи назар вуҷуд дорад. Дар ҳар сурат, ҳатто нигоҳ доштани қурби рубл/доллар дар долони 85-95 рубл барои муҳоҷирони корӣ мусоид нест.

Илова бар ин, ҳатто тибқи иттилои расмӣ, поин рафтани қурби рубл дар ниҳоят ба нархҳо дар Русия таъсир мерасонад ва аз ин рӯ, ҳам ба сатҳи зиндагии мардуми маҳаллӣ ва ҳам ба вазъи иқтисодии муҳоҷирони корӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Арабистони Саудӣ: Нишасти расидан ба сулҳ дар Украина

Дар низоъ байни Русия ва Украина бисёре аз кишварҳо талош меварзанд, ки ҳамчун миёнарав ва сулҳҷӯ нақш дошта бошанд - аз Бразилияи хеле дур то кишварҳои Африқо ва Чин.

Ҳоло Арабистони Саъудӣ низ ба нақши посдори сулҳ талош мекунад, ки ахиран бо Эрон созишномаи сулҳ баста, бо сарони кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ нишаст баргузор кард.

Нишасти ҳалли бӯҳрони Украина рӯзҳои 5-6 август дар шаҳри Ҷидда баргузор шуд. Ин дуюмин чунин нишаст аст - нахустин ҳамоиш дар Копенгаген баргузор шуд ва асосан кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро гирдиҳам овард, ки дар аксари мавридҳо дар ҳалли бӯҳрони Русияву Украина мавқеъи шабеҳро риоя мекунанд.

Ин дафъа дар Ҷидда асосан кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷамъ омаданд, ки мавқеъашон дар муноқиша он қадар якранг нест. Ба гузориши Радиои Озодӣ, бисёре аз кишварҳои иштирокчии ин ҳамоиш, бо вуҷуди изҳороти бетарафии худ дар мавриди ҷанги Русияву Украина, равобити фаъолро бо Кремл идома медиҳанд.

Дар нишаст намояндагони 40 кишвар ширкат варзида, Русия даъват нашуд
Сурат: REUTERS

Дар ин робита, ба иттилои ВВС, мақомоти аврупоӣ умедворанд, ки дар ҷараёни ин ҳамоиш имкони ҳалли ихтилофот миёни Украина ва кишварҳои рӯ ба тараққиро дар мавриди чӣ гуна анҷом ёфтани ҷанг дарёбанд.

Дар нишасти Ҷидда намояндагони беш аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бозигарони калидӣ ва шарикони иқтисодии Русия, чун Чин ва Ҳинд ширкат доштанд.

Русия даъват нашудааст; дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти ВАО, Арабистони Саудӣ ният дорад, ки ба Маскав аз натиҷаҳои вохӯрӣ хабар диҳад.

Яке аз дастовардҳои назарраси созмондиҳандагони ҳамоиш ин аст, ки онҳо тавонистанд Чинро барои ширкат дар он ҷалб кунанд - Ли Ҳуэй, намояндаи вижаи ҳукумати Чин оид ба масоили АвруОсиё ба Ҷидда омад.

Дар ҳарду нишаст баҳсҳо асосан атрофи “Формулаи сулҳи Зеленский”, сурат гирифт, аз ҷумла ба Украина баргардонидани қаламравҳо дар марзҳои соли 1991 ва пардохти ҷуброн аз ҷониби Русия.

Дар маҷмӯъ, инчунин дар бораи “ба ҳам овардани” формулаи сулҳи Зеленский бо нақшаҳои пешниҳодшудаи дигари танзим аз ҷониби Чин, кишварҳои Африқо ва як қатор давлатҳо таҳти роҳбарии Арабистони Саудӣ низ сухан рафт.

Дар ҳамаи ин тарҳҳои алтернативии ҳалли масъалаҳо оташбаси фаврӣ ва оғози музокироти сулҳ пешбинӣ шудааст.

Ин равишро Киев ва шарикони ғарбии он рад карда, бар ин назаранд, ки шарти аслии музокироти сулҳ бояд хуруҷи неруҳои Русия, ҳадди ақалл, ба мавқеъҳои оғози ҷанг бошад.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, иштирокчиёни нишасти байнулмилалии рӯзҳои 5-6 август дар ниҳоят дар мавриди чанд шарти хатми ҷанги Русияву Украина ба тавофуқ расиданд - ҳарчанд изҳороти ниҳоӣ қабул нашудааст.

Президенти Украина дар Арабистони Саудӣ. Моҳи май ӯ дар нишасти Лигар давлатҳои арабӣ суханронӣ кард
Сурат: uatv.ua

Ҳамзамон дар байни иштирокчиёни ҳамоиш барои пайдо кардани созиш бо ҳамдигар иқдом сурат гирифт - онҳо ба дастгирии соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, татбиқи қонунҳои байнулмилалӣ розӣ шуданд, дар ҳоле ки Украина ба қабули якдилонаи тарҳи сулҳи худ пофишорӣ накард.

Нишасти сеҷониба дар Ашқобод - норасоии об, энергетика ва нақлиёт

Ба иттилои нашрияи Газета.uz, дар нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзи 4 август дар Ашқобод масоили камбуди об дар минтақа, ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва бунёди зерсохтори муттаҳидаи нақлиётӣ баррасӣ шуд.

Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон
Сурат: хадамоти матбуоти президенти Туркманистон

Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти нашрия, баҳс дар ду самти асосӣ сурат гирифтааст:

Якум, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар шароити доимо афзудани мушкилоти норасоии об.

Барои ин ҳамкорӣ дар ҷорӣ ва навсозии технологияҳои пешрафтаи сарфаи об ва низомҳои обёрӣ; рушди муштараки зерсохтори ҷамъоварӣ ва нигоҳдории обҳои селу обхезӣ ва обшавии барфу пиряхҳо; густариши ҳамкорӣ оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об пешниҳод шуд.

Сониян, ҳамчунин доир ба рушди бахши энергетика ва эҳёи иқтидори нақлиётию логистикии долони Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон ва истифодаи фаъоли иқтидори масири Транс-Хазар сухан рафт, ки “ҷозибаи Осиёи Марказиро ҳамчун маркази транзитӣ барои долонҳои байналмилалии Шарқ-Ғарб ва Шимол-Ҷануб тақвият хоҳад дод”.

Аз гузоришҳои расмӣ маълум нест, ки дар ин ҳамоиш масоили марбут ба Афғонистон ва талошҳои Кобул барои азхудкунии захираҳои оби дарёҳои наздисарҳадӣ, асосан Амударё ва Панҷ низ баррасӣ шудааст ё на.

Ҳукумати Толибон аллакай навбати якуми сохтмони наҳр (канал)-и обёрии Қуштеппаро ба охир расонд, ки мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, қариб 30 фоизи маҷрои Амударьёро мегирад.
Дар дарёи Амударё дар шимоли Афғонистон корҳои сохтмони наҳр (канал)-и Қуштеппа босуръат ҷараён доранд
Сурат: iz.ru

Ин бевосита ба манфиатҳо ва вазъи соҳаи кишоварзии кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама Ӯзбекистон ва Туркманистон дахл дорад.

Мушкилот сари он аст, ки Афғонистон ба ҳеҷ як созишномаи байнулмиллалӣ оид ба истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ шомил нашудааст.

Мутаносибан, ҳукумати Афғонистон ҳеҷ гуна меъёрҳои истифодаи технологияҳои сарфаи обро риоя накарда, ҳамчунин нигарониҳои ҳамсояҳои худро ба инобат намегирад.

Дар ҳар сурат, дер ё зуд кишварҳои минтақа бояд омили Афғонистонро дар ҳалли мушкилоти обу энергетикаи Осиёи Марказӣ ба назар гиранд.

Форуми тиҷоратии Қазоқистону Афғонистон

Рӯзи 3 август дар Остона нахустин форуми тиҷоратии Қазоқистону Афғонистон доир гардид, ки дар он ба маблағи 190,8 млн доллар қарордодҳо ба имзо расидаанд, хабар медиҳад нашрияи Фергана бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон.

Афғонистон барои Қазоқистон бозори афзалиятноки фурӯши орд мебошад, ки 70% аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Orda.kz, гардиши мол миёни Қазоқистон ва Афғонистон дар соли 2022 тақрибан ба як миллиард доллар (987,9 миллион доллар) расида, нисбат ба соли 2021 ду баробар зиёдаст ва 90%-и гардиши савдо ба содирот аз Қазоқистон, асосан маҳсулоти коркард рост меояд.

Ҳамзамон, Серик Жумангарин, вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон мавқеи расмии Остонаро дар мавриди Афғонистон баён карда, изҳор дошт, ки «Қазоқистон ҷонибдори ташаккули Афғонистон ба унвони як давлати мустақил, бетараф, воҳид, сулҳҷӯ, демократӣ ва шукуфон аст".

Сурат: el.kz

Ин ҷо метавон зикр кард, ки интиқоли ғалла ба Афгонистон, бешубҳа, ба вазъи мардуми кишваре, ки қисми зиёди аҳолиаш аз бекорӣ, камхӯрокӣ ва болоравии нархи озуқа азият мекашад, таъсири мусбат мерасонад.

Ба эътидол омадани вазъ дар бозори ғизо, дар навбати худ ба ҳукумати Толибон барои таҳкими қудрат ва мавқеъаш дар кишвар мусоидат мекунад.

Аммо, бешубҳа, дар ҳама гуна шароит ва таъминот, ба гумон аст, ки дар ояндаи наздик Афғонистон ба як давлати демократӣ табдил ёбад.

Ҷанҷоли дипломатӣ дар марз

Ҳафта гузашта Чин аз Русия талаб кард, ки ҳодисаи рафтори “дағал” бо шаҳрвандони ин кишвар дар сарҳад таҳқиқ карда шавад.

Сафорати Чин дар WeChat хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 29 июл дар марзи Русия ва Қазоқистон рух додааст. Панҷ нафар шаҳрвандони Чин “дар чор соат чандин бор бозпурсӣ шуданд». Ба онҳо иҷозаи вуруд надода, раводиди сайёҳиашонро бекор карданд.

Чанд рӯз пеш муаллифи канал дар шабакаи иҷтимоии Douyin (версияи чинии TikTok), ки тақрибан 1 миллион муштарӣ дорад, дар бораи душвориҳо ҳангоми кӯшиши убури марзи Русияву Қазоқистон навори видеоӣ нашр кард.

Ба гузориши РИА Новости, сафорати Чин дар Русия марзбононро ба рафтори дағалона нисбати чиниҳо муттаҳам карда, аз Русия тақозо кардааст, ки дар мавриди суистифода аз мақом аз ҷонибюи афсарони назорати марзӣ таҳқиқи ҳамаҷониба гузаронида, ба Чин посухи қонеъкунанда бидиҳад.

Чин Русияро ба рафтори дағалона бо шаҳрвандонаш дар марз бо Қазоқистон гунаҳкор кард
Сурат: sibreal.org

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, ҷониби Русия ба дархости шарики чинии худ саривақт расидагӣ кард. Бо такя ба як манбаи расмӣ ТАСС хабар медиҳад, ки мақомоти Русия омодаанд ҷузъиёти ҳодисаи рухдодаро ҳарчи зудтар ҳал кунанд, то ки дар оянда такрор нашаванд.

Ҳамчунин, ба ақидаи манбаи хабаргузорӣ, "васоити ахбори оммаи кишварҳои ғарбӣ, ки ба халалдор кардани ҳамкориҳои Русияву Чин манфиатдор ҳастанд, ба таҳрики заминаи эҳсосотӣ дар атрофи вазъ фаъолона машғуланд".

Чунин вокуниши саривақтии мақомоти Русия ба як ҳодисаи хурд комилан фаҳмо аст - дар ниҳоят, имрӯз Чин истеъмолкунандаи асосии захираҳои энергетикии Русия ва таъминкунандаи асосии молу технологияҳои воридотӣ ба Русия боқӣ мемонад.

Барои муқоиса, аввали моҳи август Қирғизистон баъди латукӯби як ронандаи таксӣ дар Маскав ба Вазорати хориҷаи Русия нота фиристод. Ба иттилои хабаргузории Фергана, пас аз ҳамла ронандаи таксӣ ба пулис муроҷиат кард, вале оғози парвандаи ҷиноятӣ рад шуд.

Танҳо эътирози ҷомеа, ки ба туфайли як қатор блогерони рус ба вуҷуд омад ва вокуниши мақомоти Қирғизистон, ба ҳар ҳол шуъбаи ВКД-и ноҳияи Басмании Маскавро маҷбур кард, ки ронандаи таксиро ҷабрдида эътироф кунад ва тибқи моддаи 116-и Кодекси ҷиноятӣ (Латукӯб) парванда боз кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.