Бар асари ҳамлаи террористӣ шоми рӯзи 13 август ба мақбараи Шоҳчароғ, воқеъ дар шаҳри Шерози Эрон 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти “Тасним”, ҷинояткорон ду нафар будаанд. Яке аз ҳамлагарон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, ба нафари дуюм муяссар шудааст, ки пинҳон шавад.

Яке аз террористон ба мақбара ворид шуда, ба сӯи одамон оташ мекушояд, ки дар натиҷа ду рӯҳонӣ ва ду зиёратгар кушта шудаанд. Ҳафт нафар ҷароҳат бардоштаанд, хабар медиҳад IRIB News. Қаламрави гирду атрофи масҷидро кормандони неруҳои амният ба иҳота гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки 26 октябри соли гузашта низ ба мақбараи Шоҳ Чароғ ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар натиҷа 13 нафар ҳалок ва 40 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Яке аз ҳамлагарон дар роҳ ба бемористон ҳалок шуда, ду нафар терористони дигар боздошт ва моҳи июли соли равон ба ҳукми қатл маҳкум шуданд. Ҳамин моҳ ҳукм иҷро карда шуд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба дӯш гирифта буд.

Он замон хадамоти махсуси Эрон хабар дода буданд, ки тибқи маълумоти онҳо, иштирокчиёни ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Афғонистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.