Яке аз гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғи Эрон, ки боиси кушта шудани 4 нафар ва захмӣ гаштани 8 тани дигар гардид, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар ин бора хабаргузории эронии “Тасним” иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои истихбороти Эрон то кунун 10 нафарро дар иртибот бо ҳамлаи маргбори ин макони мазҳабии Шероз боздошт кардаанд.

“Ҳамаи гумонбарони боздоштшуда шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Яке аз он дастгиршудагон шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ҳангоми бозпурсии аввал бо номи Раҳматуллоҳ Наврузов муаррифӣ шуд”, - гуфтааст як масъули истихбороти Эрон.

Ӯ афзудааст, ки макони террористҳо дар Шероз низ ошкор шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ба ин хабар вокуниш накардаанд.

Бояд гуфт, ки бар асари ҳамлаи террористии шоми дирӯз, 13-уми август ба мақбараи Шоҳчароғ, воқеъ дар шаҳри Шерози Эрон, 4 нафар ба ҳалокат расида ва 8 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 26-уми октябри соли гузашта низ ба мақбараи Шоҳ Чароғ ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар натиҷа 13 нафар ҳалок ва 40 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.