Имрӯз, 19-уми август, муҳоҷирони афғонистонӣ 104 солагии истиқлолияти Афғонистонро дар Тоҷикистон таҷлил карданд.

Ба ин муносибат дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд ва дар он Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, роҳбари занони афғонистонии муқими Тоҷикистон, дигар фаъолони сиёсиву фарҳангӣ ва муҳоҷирини ин кишвар ширкат карданд.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар суханронии худ гуфт, “мо бо қайд кардани ҷашнҳои миллии худ муттаҳидии хешро нишон медиҳем ва барои мустаҳкамтар шудани ваҳдати миллати худ кӯшиш меварзем"

Бояд гуфт, ки Афғонистон соли 1919 аз давлати подшоҳии Амонуллоҳхон ба давлати соҳибистиқлол табдил ёфтааст.

Ду сол инҷониб қудрати сиёсиву идорӣ дар Афғонистон аз сӯйи Толибон* ғасб шудааст, аммо ҳукумати эълонкардаи ин гуруҳ то кунун аз ҷониби ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.