Дафтари мусоидат ба Афғонистони СММ (МООНСА) ҳадди ақалл 218 ҳолати қатли собиқ мансабдорон ва низомиёнро бидуни ҳукми додгоҳ пас аз сари қудрат омадани Толибон* ба қайд гирифтааст. Изҳороти марбута дар ин бора дар сомонаи Созмон нашр шудааст.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Толибон барои собиқ мансабдорони ҳукумат ва хидматчиёни ҳарбии Неруҳои миллии мудофиа ва амнияти ин кишвар авфи умумӣ эълон карда буд.

Бино ба маълумоти СММ, толибон собиқ кормандони пулис, низомиён, инчунин кормандони Раёсати амнияти миллии Афғонистонро таъқиб карда, дар аксарияти мавридҳо онҳоро ба ҳабс мегирфтанд ва сипас мекуштанд. Бархеро ба самти номаълум бурда, қатл мекарданд. СММ зиёда аз 800 ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқҳои инсонро нисбат ба мухолифони сиёсии “Толибон” ҳуҷҷатгузорӣ кардааст.

Дар суҳбатҳои аз ҷониби МООНСА гузаронидашуда шахсони ҷудогона дар бораи ҳолатҳои шиканҷа ва кирдори бераҳмона аз ҷониби кормандони неруҳои амнияти Афғонистон ҳикоят кардаанд. Дар баъзе ҳолатҳо бедаракшудагон то ҳол ёфт нашудаанд. Собиқ сардори зиндони занонаи Ҳирот Алия Азизӣ рӯзи 2 октябри соли 2021 пас аз кор ба хона барнагаштааст. То 22 августи соли 2022 макони будубоши ӯ то ҳол номаълум боқӣ мемонад.

То имрӯз кӯшишҳои мақомот барои тафтиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ҳодисаҳои дар гузориш тавсифшуда хеле маҳдуданд. Ҳатто дар чанд мавридҳои алоҳида, ки аз ҷониби мақомот тафтишот эълон шудааст, пешравӣ ва ҳисбот дида намешавад; беҷазоӣ ҳукмфармост.

Намояндаи Раёсати ҳуқуқи башари СММ Ҷереми Лоуренс зимни як брифинг дар Женева гуфтааст, Толибон аз 15 августи соли 2021 то 30 июни соли 2023 ҳадди ақалл 144 амали шиканҷа ва 424 ҳабси худсарона анҷом додаанд, ки асосан алайҳи кормандони собиқи ҳарбӣ будааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.