Толибон* барои занон боз маҳдудияти нав ҷорӣ карда, ба ягона боғи миллии Бомиён ворид шудани онҳоро манъ кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ду рӯз пеш Мавлавӣ Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон* ба Бомиён сафар карда, бо намояндагони ин гурӯҳ мулоқот анҷом додааст.

Ӯ дар ин мулоқот ба зердастонаш супориш додааст, ки “аз ин ба баъд занон барои тамошои манзараҳои боғи миллии Банди Амир нараванд ва ин тасмими уламо ва амиралмӯъминин аст”

“Мавлавӣ Холид Ҳанафӣ дар мавриди далели мамнӯъияти вуруди занон ба боғи миллии Банди Амир мегӯяд, ки ин тасмимро уламои киром ҳам мехоҳанд, миллат ҳам мехоҳад, амиралмӯъминин ҳам “ҳидоят мекунад” ва ҳукми илоҳӣ ҳам ҳамин аст”, - навиштааст “8-и субҳ” бо такя ба манобеаш.

Ин ягона маҳдудияти Торлибон* нисбат ба духтарон ва занон нест.

Аз ин пештар, Толибон* кор ва таҳсили занон дар Афғонистонро манъ карда буданд. Инчунин, бо идомаи маҳдудиятҳои густурда алайҳи духтарон ва занон баргузории дарсҳои таълими ибтидоиро барои духтарон манъ карда буданд.

Созмони Милали Муттаҳид, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои бузурги минтақаӣ шарти ҳамкорӣ ва эътирофи Толибонро* эҳтиром ба ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи занон ва ташкили ҳукумати фарогир унвон кардаанд. Аммо Толибон* дар ду соли ахир ба ҳеҷ яке аз ин дархостҳо посухи мусбат ва қаноатбахш надодаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.