Додгоҳи Исломободи Покистон дар бораи зери гарав раҳо намудани собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон, ки қаблан ба се соли зиндон маҳкум шуда буд, қарор қабул кард. Иҷрои ҳукм нисбати сиёсатмадор ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст.

“Нусхаи қарор дар фурсатҳои наздик дастрас хоҳад буд. Айни замон танҳо ҳаминро гуфта метавонем, ки дархости Имрон Хон дар мавриди раҳо кардан зери гарав ва ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукм қонеъ карда шуд”, - хабар додааст адвокати собиқ нахуствазири Покистон дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони маҳаллии Geo, менависад РИА Новости.

Моҳи апрел Имрон Хон аз рӯи парвандаи қаллобӣ дар робита ба фурӯши дуздии молҳои арзишманд аз хазинаи Тошхона ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар ҳукм инчунин маҳрум кардани Имрон Хон аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти сиёсӣ дар муддати панҷ соли наздик пешбинӣ мегардад.

Имрон Хон мансаби сарвазирии Покистонро аз соли 2018 то соли 2022 бар дӯш дошт. Моҳи апрели соли 2022 ба ӯ изҳори нобоварӣ шуд. Моҳи октябр ӯро аз интихобот барканор намуда, аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлати ба муддати панҷ сол маҳрум карданд.

Рӯзи 9 майи соли равон Имрон Хон аз ҷониби мақомоти пулис боздошт шуд. Ба ӯ ва ҳамсараш Бушра Бибӣ дар даст доштан ба коррупсия ва истифодаи бунёди оилавии “Ал-Қодир траст” бо мақсади дуздии 50 млрд рупияи покистонӣ (ҳудуди 175 млн доллар) аз буҷет ҳангоми таъсиси Донигоҳи Ал-Қодир айбнома пешниҳод шуд.

Рӯзи 10 май додгоҳ Имрон Хонро ба ҳабс гирифта,  ин амал ба эътирозҳои оммавӣ дар кишвар боис гардид. 11 май ҳабсро ғайриқонунӣ эътироф намуда, собиқ сарвазирро бо гарав озод карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.