Намояндагони Толибон* ба мактаб рафтани духтарони аз синни 12-сола болоро ҳамоно манъ кардаанд ва пагоҳ, 1-уми сентябр, ки шурӯи соли хониши нав аст, духтарони афғонистонӣ ба дарс намераванд.

Ба гузориши хабаргузории Фергана, Муҳаммад Юнуси Рашид, муовини вазири фарҳанги Толибон манъи таҳсил барои духтаронро ба набудани шароити исломӣ рабт дода, дигар сабабҳояшро ифшо накардааст.

“Ҳоло шароит барои таҳсили занону духтарон, ки ба меъёрҳои шариати исломӣ мувофиқат кунад, вуҷуд надорад. Мо сабабҳое дорем, ки мактабҳои духтаронаро бастанд, аммо онҳоро ба аҳолии кишвар ифшо карда наметавонем”, - гуфтааст Муҳаммад Юнуси Рашид.
Муҳаммад Юнуси Рашид
Акс аз Amaj News

Ӯ гуфтааст, ки мамнӯъияти таҳсили занон дар Афғонистон як иқдоми муваққатӣ аст, аммо ин масъул мушаххас накардааст, ки он то кай идома хоҳад кард.

Ваъдаи муҳлати иҷрояш номуайян

Толибон инчунин таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистонро ҳам манъ кардаанд. Муаллимони зан ҳам ҳақ надоранд, ки ба толибилмон дарс диҳанд.

Рӯзи 21-уми август Лутфулло Хайрхоҳ, муовини раиси Вазорати таҳсилоти олӣ дар ҳукумати муваққати Толибон, аз нақшаи баргардонидани духтарон ба таҳсил дар донишгоҳ хабар дод.

Аммо мӯҳлати иҷрои ин гуфтаи намояндаи Толибон ҳам ҳанӯз маълум нест ва дақиқ нест, ки дари донишгоҳҳои Афғонистон кай ба рӯи духтарон боз мешавад.

Мамнӯъияти таҳсилу кори занонро ду сол шуд...

Толибон 15-уми августи соли 2021 Афғонистонро ғасб карданд ва то нимаи моҳи сентябри ҳамон сол дар тамоми қаламрави Афғонистон ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои гуногун ва ба гуфтаи онҳо, муваққатӣ алайҳи занон шурӯъ карданд.

Ҳамин тавр, онҳо баъди ба сари қудрат омадан, таҳсили духтарони аз 12-сола болоро дар мактаб манъ карданд.

Он вақт ҳама маҳдудиятҳо алайҳи занонро ба зарурати эҷоди “муҳити исломии мувофиқ” дар ин кишвар шарҳ медоданд, аммо бо гузашти 2 сол ҳанӯз ҳам Толибон ин муҳитро фароҳам наовардаанд.

Баъд аз ин моҳи декабри соли 2022-юм Толибон дарси духтарон дар донишгоҳҳои Афғонистонро мутаваққиф карда, баъдан ҳузури занон дар донишгоҳҳо, аз ҷумла намояндагони ҳайати омӯзгоронро мамнӯъ эълон карданд.

Ҳамчунин, дастур доданд, ки занон аз кор дар тамоми созмонҳои ғайридавлатии миллӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ хориҷ карда шаванд.

Ин тасмимҳо мавҷи интиқодҳои як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳидро ба бор овард.

Акнун дар соли хониши нав ҳам духтарони афғонистонӣ ба дарс намераванд ва маълум ҳам нест, ки ин маҳдудиятҳо кай бартараф хоҳанд шуд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.