Як намояндаи Толибон* гуфтааст, ки давоми 2 соли охир миёни ҷангҷӯёни онҳо ва нерӯҳои марзбонии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон наздики 50 даргирӣ рух додааст.

Абдулматин Қонеъ, сухангӯи сарпарасти вазорати умури дохилаи Афғонистон дар суҳбат ба телевизиони “Тулӯънюз” гуфтааст, ки баъди ишғоли қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар августи соли 2021 то кунун миёни нерӯҳои ин гуруҳи ҷангҷӯ ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Эрон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон қариб 50 низои марзӣ рух додааст.

Ин намояндаи Толибон гуфтааст, дар ду соли охир аз ҳудуди кишварҳои ҳамсоя ба ҳудуди Афғонистон 15 мушак партоб шудааст.

“Талаби мо аз кишварҳои ҳамсоя он аст, ки фазои ҳавоию заминии Афғонистонро вайрон накунанд. Мо намехоҳем бо онҳо муносибатҳои манфӣ дошта бошем...”, - гуфтааст Абдулматин Қонеъ.

Ин намояндаи Толибон аз кишварҳои ҳамсоя хостааст, ки “усули марзӣ бо Афғонистонро риоя кунанд”.

Даргирӣ дар марз бо Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки воқеан пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар августи соли 2021 сари чанд вақт хабарҳо оид ба даргириҳо дар марзи ин кишвар расонаӣ мешавад.

Масалан, 8-уми майи соли 2023 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзе пеш чанд тир аз сӯйи Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон афтодаанд. Он замон мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ки задухӯрд миёни ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ* ва Толибон дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон, рӯ ба рӯйи дидбонгоҳи сарҳадии рақами 12, дар ноҳияи Панҷ, якуним соат идома кардааст.

Яке аз нуқтаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон

15-уми майи соли 2022 бошад, ба навиштаи Афғонистон Интернейшнл миёни ҷангҷӯёни Толибон ва марзбонони Тоҷикистон дар наздикии Шерхонбандар як задухӯрди чорсоата сурат гирифтааст.

Ба навиштаи ин расона даргирӣ дар пайи таниши лафзӣ аз сӯйи Толибон оғоз шудааст.

Даргирӣ дар марз бо Эрон

Рӯзи 5-уми марти соли 2023, миёни ҷангҷӯёни Толибон ва марзбонони Эрон дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон муноқиша сар зад.

Даргирӣ замоне рух дод, ки яке аз марзбонони Толибон хати марзро убур карда, ба сӯи Эрон рафт ва нерӯҳои марзбонии Эрон ба сӯи ӯ тир холӣ карда, ӯро захмӣ карданд.

Чанде пеш низ дар вилояти Нимрӯз миёни марзбонони Эрону Афғонистон даргирӣ шуд, ки боиси кушта шудани чанд марзбони Эрон гашт. Толибон аз қурбониёни худ иттилоъ надоданд.

Яке аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Эрону Афғонистон

Даргирӣ дар марз бо Туркманистон

Даргирии Толибон бо неруҳои Туркманистони дар вулусволии Хамоби вилояти Ҷузҷон 2 феврал ба вуқӯъ пайваст.

Ҳилол Балхӣ, сарпарасти раёсати иттилооту фарҳанги Толибон дар вилояти Ҷузҷон, гуфта буд, ки се рӯз пас аз куштани як ғайринизомӣ тавассути неруҳои низомии Туркманистон, Толибон барои баррасии ин мавзӯъ ба маҳалли ҳодиса рафта буданд, ки даргирӣ шурӯъ шуд. Ин даргирӣ низ сабаби бастани бандари Оқина шуд.

Инъомулло Самангонӣ, муовини сухангӯйи Толибон, ин даргириро рад кард. Чанд рӯз баъд Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои Афғонистон ин даргириро таъйид кард.

Даргирӣ дар марз бо Покистон

Аввалин даргирии Покистон ва Толибон дар вулусволии Лаълпури вилояти Нангарҳор ба вуқӯъ пайваст. Муҳаммадбашир, масъули истихбороти Толибон дар Нангарҳор, ҳисорҳои марзиро, ки Покистон насб карда буд, барчид. Ин боиси даргирӣ миёни нерӯҳои ду кишвар гардид.

Марзи вулусволии Лаълапури вилояти Нангарҳор бо Покистон

Баъдтар мақомҳои Тлибону Покистон гуфтанд, ки аз оғози низоъ нигаронанд ва хостори гуфтушуниданд. Аммо артиши Покистон зикр кард, ки ба ҳар тариқе марзи Дюранд (хати муайяншуда миёни Афғонистону Покистон) ҳифз хоҳад шуд, зеро барои он қурбонӣ ва хун додааст.

Чанде баъд аз ин Толибон бо нерӯҳои Покистон дар минтақаи марзии вилоятӣ Кунар низ даргир шуданд.

Даргирӣ дар марз бо Ӯзбекистон

Баҳори соли 2022 шохаи Хуросони ДОИШ эълон кард, ки аз шаҳри Ҳайратони вилояти Балхи Афғонистон шаҳри Термизи Ӯзбакистонро мавриди ҳамла қарор додааст. Ин нигарониҳои зиёдеро ба бор овард. Ҳарчанд ҳукумати Ӯзбекистон ин хабарро расман рад кард, вале ҳаду гумонзаниҳои зиёде дар пайи он ба вуҷуд омад.

Ҳамин тавр, ягона давлате, ки Толибон дар марзи он мушкиле эҷод накардаанд Чин боқӣ мемонад.

Пули Марзи миёни Ӯзбекистон Афғонистон/ Термиз-Ҳайратон

Ёдовар мешавем, ки Толибон 15-уми августи соли 2021, пас аз 20 соли ҷанг бо нерӯҳои НАТО бо сарварии Амрико дар Афғонистон ба қудрат баргаштанд ва зимоми давлатдориро ба зимма гирифтанд. Аммо ҳукумати таъсиснамудаи Толибон то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре расман эътироф нашудааст. Худи ин гуруҳ ва роҳбарони он низ то ҳол дар рӯйхати гуруҳҳои террористиву террористони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ қарор доранд. Вале ин ба онҳо ҷиҳати идораи як давлати ҷангзада давоми ду сол монеъ эҷод накардааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.