Додгоҳи низомии Толибон* Муҳаммадотиф Доӣ, устоди яке аз донишгоҳҳои Кобулро барои пардохти пули барқ ​​ва зиндагӣ дар хонаи Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба як соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба иттилои манобеи рӯзномаи “8 субҳ” имрӯз, 29-уми феврал, Толибон ҳукми ин устоди донишгоҳро содир кардаанд.

Аммо манобеъ иддао доранд, ки Толибон Муҳаммадотифро ба далели ин ки фаъоли расонаҳои иҷтимоӣ ва омӯзиши духтарон буд ва дар бархе маворид иқдомҳои занситезонаи ин гурӯҳро интиқод мекард, ба зиндон маҳкум кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Толибон Муҳаммадотифро аз вакили мудофеъ маҳрум кардаанд. Хонаводааш дар ду ҳафта танҳо як маротиба барои даҳ дақиқа ва он ҳам аз пушти панҷара бо мулоқот кардаанд.

 Муҳаммадотиф Доӣ дар маҳбаси Пуличархӣ нигоҳ дошта мешавад.

Муҳаммадотиф қаблан дар донишгоҳҳои хусусии шаҳри Кобул дарс мегуфт, аммо ахиран бо пешниҳоди иттифоқи тоҷирон ва сармоягузорони ин кишвар ӯро ба ҳайси мушовир дар Вазорати саноат ва тиҷорати Толибон муаррифӣ карданд.

Ӯ зодаи минтақаи Пиёвашти вулусволии Раҳеҳи вилояти Панҷшер аст.

Талоши “Asia-Plus” барои шарҳи ин қазия аз ҷониби Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.