Дирӯз, 17-уми июл, ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қирғизистон дар вилояти Ботканд мулоқоти сеҷониба анҷом додаанд. Ҳамзамон, дар мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршиев баҳси марз яке аз масъалаҳои асосии ин дидор будааст.
Як манбаи огоҳ дар сӯҳбати телефонӣ имрӯз, 18-уми июл, ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи гузашта фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон - генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев бо ҳам мулоқот анҷом додаанд.
“Онҳо сари масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд. Ҷузъияти ин мулоқот расман ироа намешавад”, - кӯтоҳ гуфт манбаъи мо.
Дар ҳамин ҳол, Музаффар Юнусзода, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” дар ин маврид иттилоъ ироа накард, аммо афзуд, ки рӯзи гузашта, 17-уми июл, мулоқоти сеҷонибаи раиси вилояти Суғд - Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд -Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона - Хайрулло Бозоров дар шаҳри Чӯлпон-ота сурат гирифт.
“Мақсад аз ин мулоқот таҳким бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни вилоятҳои Суғду Фарғонаву Бодканд аст. Се ҷониб дар ин дидор таъкид карданд, ки солҳои охир ҳамкориҳо мустаҳкам гардида истодааст. Муносибатҳои ҳамсоядории хуби мардумони тоҷику ӯзбек ва қирғиз барои ин боз ҳам замина хоҳад гузошт”, - гуфт Музаффар Юнусзода
Юнусзода афзуд, ки дар ин сафар Раббой Аҳмадзодаро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Ботканд, ки дар рӯҳияи созанда ҷараён гирифтааст.
Маврид ба гуфтан аст, ки ҳафтаи гузашта намояндагони гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Ботканд мулоқот анҷом дода, масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ намуда буданд.
Бояд гуфт, ки номуайянии хати сарҳади давлатӣ, истифода ва дастрасӣ ба об аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.
Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст.





Большие вызовы для таджикских дзюдоистов: какие старты ждут их в 2026 году?
Посольство Таджикистана направило в МИД РФ письмо в связи с убийством таджикского мальчика в школе в Одинцово
«Будем сплоченно трудиться». Полный текст послания Эмомали Рахмона парламенту Таджикистана
В Душанбе скончался певец Фируз Паллаев
Эмомали Рахмон: «Таджикистан вдвое увеличит добычу полезных ископаемых»
Суд Согда приговорил к 24 годам тюрьмы юношу, убившего девушку после отказа от брака
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 декабря 2025 года
Как таджикская художница борется с плагиатом в сети
ICB предлагает Visa Infinite — премиальную карту для глобальных возможностей
Президент Таджикистана пообещал создать в стране 1,4 миллиона рабочих мест
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста