Рӯзҳои 15-24 июл дар шаҳри Юҷини штати Орегони ИМА Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук доир гардида, Тоҷикистонро дар он ягона варзишгар - Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи давидан намояндагӣ мекунад.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр иштирок мекунад. Мусобиқаи дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо дар Юҷин рӯзҳои 15-16 июл баргузор мешавад.
Илдар 1 марти соли 2000 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук мебошад. Таҳти роҳнамоии мураббӣ Ғайрат Неъматов тамрин мекунад. Илдар дар дав ба масофаи 100 метр ва ҷаҳиш ба дарозӣ солҳои 2019-2021 дар мусобиқаи гуногуни байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.
Гуфта мешавад, дар чемпионат, ки аз рӯи 49 мусобиқа (48 мусобиқа миёни мардон, 48 мусобиқа миёни бонувон ва 1 мусобиқаи омехта) баргузор мешавад, 1900 варзишгар аз 200 давлати дунё ширкат мекунанд.
Дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Юҷин, ҳамчунин Конгресси Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ баргузор мегардад, ки дар он ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров ширкат мекунад.
Зимнан хотиррасон мешавад, ки Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба варзиши сабук 3 медал дорад – 2 тилло, 1 нуқра. Медалҳои тиллоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.