Гела Шекиладзе, мутахассиси 53-солаи гурҷӣ, ки қаблан ёвари Петр Шегрт, сармураббии собиқи дастаи футболи миллии Тоҷикистон буд, сармураббии нави тими миллии кишвар таъйин шудааст. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикитсон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, тамоми ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон, ки ду соли охир дар даста кор кардааст, бо тими миллии кишвар ҳамкориро идома медиҳад.
Ёвари Шекиладзе мутахассиси дигари гурҷӣ Тамаз Бокерия хоҳад буд. Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонони тими миллии Тоҷикистон ва Алифбек Беромов мураббӣ-таҳлилгари даста боқӣ мемонанд.
Гела Шекиладзе айёми футболбозӣ дар дастаҳои «Динамо-Батуми» (Гурҷистон), «Лйерс» (Белгия), «Руселаре» (Белгия), «Арсенал» (Украина) ва ССКА (Украина) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ кардааст. Вай дар ҳайати тими миллии Гурҷистон 22 бозӣ анҷом додааст.
Ӯ соли 2004 кариераи футболистиашро хотима дод ва ба тренерӣ оғоз крад.
Аз соли 2007 Шекиладзе ба сармураббии гурӯҳҳои гуногуни синну соли тими миллии Гурҷистон шурӯъ кард. Солҳои 2007-2008 ёвари мураббии тими миллии футболи Гурҷистон (то 21-сола) буд.
Солҳои 2008-2011 Гела Шекиладзе дастаҳои миллии Гурҷистонро (U-15, U-16, U-19, U-21) роҳбарӣ намудааст. Илова бар ин, Шекиладзе ёвари сармураббӣ Петр Шегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.

Ӯ дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи «Pro»-и УЕФА мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ду соли охир Петр Шегрт, мутахассиси хорватӣ сармурабии тими миллии Тоҷикистон буд. Моҳи январи соли равон баъди ба итмом расидани муҳлати шартномааш ӯ ин курсиро тарк кард.
Таҳти роҳбарии ӯ дастаи Тоҷикистон 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст.
Инчунин, таҳти роҳбарии Сегрт дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи ду мусобиқаи байналмилалӣ гардид – соли 2022 тими миллии мо дар мусобиқаи «King’s Cup-2022» дар Таиланд ва соли 2023 дар «Ҷоми Мердека» дар Малайзия ғолиб омадааст.

Бори аввал, таҳти роҳбарии ӯ мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Ҳоло Гела Шекиладзеро як марҳалаи мушкил ва ҳасос дар пеш аст. Як моҳ пас, 21-уми март тими миллии Тоҷикистон дар доираи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бозии сеюми худро бо тими миллии Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ғалаба дар ин бозӣ роҳи Тоҷикистонро ба давраи дигари Ҷоми ҷаҳон-2026 ҳамвор мекунад.
Как понять, что у банка проблемы?
Почему в Таджикистане выросли цены на тепличные помидоры?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 20 апреля 2025 года
Синдром весенней усталости: из-за чего весной постоянно хочется спать?
В Душанбе названы лучшие учитель, воспитатель, врач, больница и парк
В Узбекистане отменят ограничения на экспорт большинства видов товаров
Душанбинскому парку Победы исполнилось 50 лет. Он так и остался недостроенным…
В Душанбе открыли шоурум IMZO: инновационные пластиковые окна и двери
«Город, который мы любим!». Каким видят Душанбе его жители?
США и Иран проведут в Риме второй раунд переговоров о ядерной сделке
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста