Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Токио дар соли 2025 Тоҷикистонро 6 паҳлавон муаррифӣ мекунад. Ин мусобиқа рӯзҳои 6 ва 7-уми декбар дар шаҳри Токиои Ҷопон доир мешавад. Дар ин бора телевизиони "Варзиш" гузориш додааст.
Ҳайати Тоҷикистон дар “Тоскулоҳи бузург”-и Токио:
- Обид Ҷебов ва Мусаниф Миробов ҳарду дар вазни то 66 кг;
- Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода ҳарду дар вазни то 81 кг;
- Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кг;
- Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг;
То 1-уми декабри соли равон барои иштирок дар мусобиқа 327 ҷудокор аз 44 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд. Онҳое, ки ҷойҳои 5 ва 7-умро соҳиб мешаванд, мутаносибан 360 ва 260 хол ба даст меоранд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи “Tokyo Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 7 ва 8-уми декабр баргузор шуда буд, танҳо як медалӣ биринҷӣ ба даст оварда буданд. Дар ин мусобиқот, ки Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекард, Обед Ҷебов дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст овард.
Ҷудокорони дигар, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Умед Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг дар ин мусобиқа бенасиб монданд.
Варзишгарони тоҷик дар“Tokyo Grand Slam 2023” медал ба даст оварда натавониста буданд. Он замон ба хайати мунтахаби кишвар даҳ варзишгар шомил буданд.





Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Сироджиддин Мухриддин обсудил двусторонние отношения с министрами Финляндии и Венгрии в Вене
IM GROUP стал официальным партнёром Tarona Music Award-2025
Как таджики защищали Москву от фашистов в 1941-ом году
Александр Крестинин покинул «Худжанд»: клуб снова в поиске тренера
Tcell и ESCS объявляют о стратегическом партнерстве для запуска новой эры интерактивного гейминга в Таджикистане
Гособвинитель требует пожизненного заключения для Саифулло Азимова, обвиняемого в убийстве семьи в Рудаки
Центробанк России снимет ограничения на перевод денег за границу
Мэр Москвы посоветовал взять в руки метлу тем, кто недоволен мигрантами
Энерголимит в Таджикистане добрался до электромобилей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста