Сокинони гирду атрофи фурудгоҳи байналминалии Бохтар мегӯянд, дирӯз аз бегоҳ то шаб чанд тайёра дар фурудгоҳи Бохтар фуруд омад, ки шояд тайёраҳое аз Афғонистон бошанд.
Аммо Фарҳод Абдурашидзода, сардори фурудгоҳи Бохтар дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба хабарнигори “Asia-Plus” ин овозаҳоро дурӯғ хонд.
“Овозаҳое, ки гӯё мо чанд тайёраи Афғонистонро қабул карда бошем, асос надорад ва дурӯғ аст”, - гуфт Фарҳод Абдурашидзода.
Ин дар ҳолест, ки сокинони атрофи фурудгоҳ мегӯянд, рӯзи 14 август то шаб чанд тайёра дар ин фурудгоҳ поён омад. Ва рӯзҳои қаблӣ чунин вазъро дар ин фурудгоҳ мушоҳида накарда буданд.
Ба назари сокинони атрофи фурудгоҳ гуё тайёраҳо гурезаҳои афғонро баъди муташаниҷ шудани вазъи Кобул ба Бохтар интиқол дода бошанд.
Қобили зикр аст, ки дирӯз Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ин робита имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр шуд, ки "ҳавопаймои ҳомили ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар ҳудуди кишвар фуруд наомадааст. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон чунин дархости дахлдор нагирифтааст".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Офтальмологическая клиника «Санталь» ищет врача
Афиша от «Азия-Плюс»: Tajikistan Fashion Week, «Весёлый балаган» и концерт ко Дню Победы
Оставленный водителем грузовик въехал в толпу школьников в Кыргызстане
Как небо над Дангарой украшали десятки парапланов
Таджичка борется за звание America`s Favourite Teacher
JICA предоставляет медицинское оборудование для повышения качества медицинских услуг в Таджикистане
Как простой сельский учитель собирает музей Мирзо Турсунзаде
«Сомон Эйр» открывает прямые рейсы из Худжанда в Урумчи
КЧС предупреждает о грозах и усилении ветра
В Душанбе награждены победители республиканского конкурса «Сайри гули лола»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста