Мавлавӣ Ҳорун, муовини мулло Абдулқаюм Зокир, масъули баландпояи низомии Толибон дар минтақаҳои Панҷшер ва Андароб кушта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" Афғонситон хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин рӯзнома, Мавлавӣ Ҳорун, 14-уми август, дар пайи даргирӣ бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар вулусволии Хинҷи вилояти Панҷшер кушта шудааст.
Мулло Абдулқаюм Зокир ҳамонест, ки ҳамагӣ чанд рӯз пештар аз ҷониби роҳбарияти Толибон масъули низомӣ барои Панҷшеру Андароб таъйин гардид ва муқовимат бо Ҷабҳа яке аз вазифаи аслии ӯ муаррифӣ карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Толибон то ҳол дар бораи куштори яке аз қумандонҳои шинохтаи худ аз дасти Ҷабҳа шарҳе ироа накардаанд.
Гуфтан ба маврид аст, чанде пештар Толибон бо эътирофи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва задухӯрдҳои шадид дар Панҷшер, фармондеҳи низомии вежаи худро барои Панҷшеру Андароб таъйин карданд.
Намояндагони Ҷабҳа ва Толибон эътироф карданд, ки ҳоло дар Панҷшеру Андароб ҷангҳои шадид идома дорад. Масъулини низомии Толибон дар ин минтақаҳо, барои муқовимат бо ҷанговарони Ҷабҳа, аз роҳбарияти худ фиристодани ҳазорҳо нерӯро хоҳиш карданд.
Тайи рӯзҳои охир ҳар ду ҷониб аз куштаву захмӣ шудани даҳҳо асокири душман хабар паҳн мекунанд.
Дар робита ба шеваи ҷангҳои ахир дар Панҷшер намояндагони Созмони Миллали Муттаҳид изҳори ташвиш карда, ба бахши форсии BBC гуфтаанд, ки Толибон бо поймол кардани муқаррароти байналмилалӣ асирони ҳарбиро ба қатл расонидаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
«Уральские авиалинии» изменили процедуру регистрации на рейсы в Таджикистан
Таможенная служба Таджикистана предотвратила незаконный ввоз в страну 4 тонн куриного мяса
Интернет вытесняет телевидени. Какие у таджикистанцев медиапредпочтения?
Таджикистан протестует. Чем закончится давление на мигрантов в России?
В Гиссаре женщины-цыганки подозреваются в краже денег и золота
В Кыргызстане не исключили обмен территориями при решении вопроса границы с Таджикистаном
В Британии задержаны первые мигранты для депортации в Руанду
В Курской области России мигрантам запретили работать в такси
Из-за маленькой зарплаты мелиораторы Таджикистана уходят из отрасли
В США умер еще один свидетель, рассказавший о дефектах самолетов Boeing
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста