Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки соли 2021, дар пайи муноқишаи марзӣ аз ҷониби мақомоти Қирғизистон боздошт ва зиндонӣ шуда буданд, баъди истирдод ба Тоҷикистон аз маҳбас раҳо шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, рӯзи 2 август дар суҳбати телефонӣ ба ин расона гуфтааст, баъд аз чанд соли талошу муроҷиатҳо, охири моҳи июл парвандаи онҳо сафед ва аз маҳбас озод шудаанд.

“Намояндаи додситонии кулл ба маҳбаси Ёвон омаданд ва гуфтанд,ки бо амри президенти Тоҷикистон парвандаи ҳардуи шумо сафед шуд ва шумо ҳеҷ доғи судӣ надоред озод ҳастед”, - гуфтаанд онҳо.

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд, хушҳоланд, ки билохира пас аз чанд сол ба назди пайвандонашон баргаштанд.

“Ба назди фарзандонамон баргаштем вақте аз маҳбас берун шудем пули роҳамонро пардохтанд ва ҳоло гириди дастурхон бо фарзандонам суҳбат дорам”, - гуфтааст Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров.

Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов 14-уми сентябри соли 2021 аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба ҳукми абад маҳкум шуда буданд. Қирғизистон ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро пас аз ҳаводиси охири моҳи апрели соли 2021 бо ҷурми "ҷиноят бар зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" айбдор карда буд.

Радиои Озодӣ

Муфаттишон дар Қирғизистон гуфтанд, дар телефони Абдурозиқ Қаҳҳоров акси якҷояашро бо сарбозони тоҷик ёфтанд. Аскар Юнусовро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд. Хешовандони маҳкумшудагон мегӯянд, ин иттиҳом асос надорад ва муҳокима ҳам дар ноҳияи Лайлак ноодилона ва дар шароити мармуз гузашт.

Баъдан бо пофишории Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва хешу таборони маҳкумшуда ҳукми абади Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов дар мурофиаи 6-уми декабри соли 2021 ба 20 соли зиндон тағйир дода шуд. Дертар онҳо барои идомаи ҷазо ба Тоҷикистон истирдод гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.