Сатҳи об дар обанбори “Норак” нисбат ба соли гузашта 2 метру 47 сантиметр кам шудааст. Ин боиси коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон шудааст. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“Сатҳи оби захиравии обанбори “Норак” ҳоло 2 метру 47 сантиметр кам шудааст. Инчунин, резиши об ба обанбор ҳам 144 метри мукааб кам гардидааст. Масалан, ҳоло дар 1 сония ба обанбори “Норак” 219 метри мукааб об мерезад, вале дар ҳамин давраи соли гузашта резиши об дар 1 сония 363 метри мукааб буд. Даромад каму хароҷот зиёд шудааст. Ин сабаб гардида, ки истеҳсоли барқ низ кам шавад”, - гуфт Қурбон Аҳмадзода.

Дар ҳамин ҳол, аз ин ширкат ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар кишварро тасдиқ ё рад накарда, гуфтанд, ки таъмини барқ ба Шабакаҳои тақсимоти барқ рабт дорад. Аммо талошҳои мо барои гирифтани маълумоти расмӣ аз Шабакаҳои тақсимоти барқ бенатиҷа анҷомид.

Бояд гуфт, ки маҳдудияти интиқоли барқ ё худ “лимит” имсол аз нимаи моҳи сентябр оғоз шуд ва ҳоло сокинони навоҳии музофот ва ҳатто баъзе шарҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 4 то 7 соат бо барқ таъмин мешаванд. Дар аксар ҳолат қатъи барқ реҷаи муайян надорад.

 

Қурбон Аҳмадзода
Акс аз фейсбуки Қ.Аҳмадзода

“Ховар” аз “маҳдудияти нерӯи барқ” хабар медиҳад

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри хабар аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барқ тасдиқ кардааст, ки дар навоҳии тебои ҷумҳурӣ “маҳдудияти нерӯи барқ” ҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи ин расона, дирӯз (13-уми ноябр) дар Душанбе таҳти раёсати Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазир, ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардидааст, ки дар он масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ шудааст.

“Ховар” аз ин ҷаласа менависад, ки “талафоти нерӯи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру навоҳии Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Файзобод, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ба назар расидааст”.

Ин расонаи давлатӣ навиштааст, “гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ реҷаи ҷоригардидаи маҳдудияти нерӯи барқ риоя намегардад”. Аммо дақиқ нагуфтааст, ки ин ҳарфро кӣ гуфтааст.

Аз баъзе иншооти муҳими НТҶ, ки доимо бо нерӯи барқ таъминанд, ба навиштаи “Ховар”, “ба деҳаҳои атроф хатҳои озод кашида шудаанд”.

Сарвар Азимзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласа гуфтааст, ки назоратро “дар самти истифодаи нерӯи барқ пурзӯр гардонидааст”.

“Ин аст, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1 миллиарду 342 миллион сомонӣ зиёд гардидааст”, - гуфтааст Азимзода.

Инчунин, дар ҷаласа гуфтаанд, нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқе, ки аз ӯҳдаи иҷрои вазифа набаромадаанд, “чораҳои зарурӣ андешида шаванд”.

Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, додситонон, сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ ва сардорони шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Акси марбут
Asia-Plus

Дархости сокинон аз масъулин​​​​​​​

Сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар аз мақомоти марбута, махсусан ширкати “Барқи тоҷик” талаб доранд, ки ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқро эътироф ва муҳлати онро муайян кунанд.

Дар Тоҷикистон, ба истиснои баъзе шаҳрҳои бузург, ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раисҷумҳур дар чанд соли охир ба сокинон расман хабар медиҳад.

Аммо имсол бо вуҷуди шикоятҳои сокинон ин ниҳод то ҳол расман ҷорӣ шудани маҳдудияти барқро эътироф накардааст. Дар ҳоле, ки соли гузашта аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуда буд.

Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд. Сарфи назар аз ин Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад. Вале мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, ки танҳо дар фасли тобистон ба хориҷ барқ мефурӯшанд.

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.