Қазоқистон бо Тоҷикистон дар бораи обдиҳии иловагӣ аз обанбори “Баҳри тоҷик” дар мавсими обёрӣ ба созиш расид.
Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода бо муовини вазири экологияи Қазоқистон Серик Кожаниёзов зимни сафари кории ӯ ба Душанбе дидору гуфтушунид кард.
Ҷонибҳо вазъи марбут ба об дар ҳавзаи дарёи Сирдарёро баррасӣ намуда, оид ба мувофиқасозии реҷаи кори обанбори “Баҳри тоҷик” дар мавсими байни обёрии солҳои 2021-2022 ва давраи обёрии соли 2022 гуфтушунид карданд.
Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон хабар медиҳад.
“Қазоқистон тавофуқ ҳосил намуд, ки дар давраи обёрии соли 2022 мисли соли гузашта обдиҳии иловагӣ аз обанбори “Баҳри тоҷик” сурат мегирад, ки таъмини кишоварзони вилоятҳои Туркистон ва Қизилордаро бо об дар шароити камобӣ беҳтар мекунад”, - омадааст дар хабар.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2015 ҳаҷми (лимити) обгирии Тоҷикистон аз Сирдарё дар мавсими обёрӣ (моҳҳои апрел-сентябр) ҳамасола зиёда аз 1,9 млрд метри мукааб муқаррар мешавад.
Аммо дар амал ҷумҳурӣ ҳамасола ҳиссаи худро пурра намегирад. Ба ин тариқ, дар давраи баҳору тобистони соли 2020 Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри мукааб об гирифт, ки 460 млн метри мукааб ё худ 24% камтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Тоҷикистон амалан ҳамагӣ 17-20%-и оби дар қаламраваш ташаккулёфтаро истифода мебарад. Захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ (Амӯдарё ва Сирдарё) миёни кишварҳои минтақа ба таври зайл тақсим шудаанд: маҷрои Сирдарё: Ӯзбекистон - 50,5%, Қазоқистон - 42%, Тоҷикистон - 7%, Қирғизистон - 0,5%; маҷрои Амӯдарё: Ӯзбекистон - 42,2%, Туркманистон - 42,3%, Тоҷикистон - 15,2%, Қирғизистон - 0,3%.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.






Парящие купола Ходжа Машада. Это медресе в Таджикистане – одно из древнейших среди дошедших до нашего времени
Окна, как главный акцент фасада: тренды, которые меняют частные дома
В Таджикистане 200 женщин смогут получить президентские гранты до 110 тыс. сомони
Трамп заявил о скором завершении войны с Ираном на фоне резкого скачка цен на нефть
Как Душанбе Сити Банк справился с мощнейшей DDoS-атакой
В Душанбе мужчина зарезал знакомого во время конфликта
Предприниматели, поставляющие товары из Ирана, говорят о росте цен в Таджикистане
Хуршед Кахоров не взял пояс и прокомментировал поражение в титульном бою Oktagon 85
Эсхата: Цифровая трансформация - это стратегия управления
В Таджикистане создадут Институт искусственного интеллекта, Академию туризма и Институт мировой экономики
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста