Суди олии Тоҷикистон узви гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи замони ҷанги шаҳрвандиро ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, сокини 43-солаи ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нуробод Неъматулло Назиров замони даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ихтиёран ба дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Абдулло Раҳимов бо лақаби «мулло Абдулло», ки бо мақсади  ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот ташкил шуда буд, аъзо гардида, тибқи супориши роҳбари даста ба амалҳои ғайриқонунӣ даст мезад.

Ба иттилои манбаъ,  моҳи июни соли 1996 Назиров ва ҳаммаслаконаш дар ноҳияи Нуробод бо истифода аз силоҳи оташфишон ба автобуси мусофирбар ҳамла карданд, ки дар натиҷа 1 корманди ВКД ва 5 нафар мусофирон ҳалок, ҳамчунин боз 5 мусофири дигар захмӣ шуданд.

«Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди олии Тоҷикистон Неъматулло Назировро бо моддаҳои 74 ва 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.