Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ “тарконидан”-и мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро “акти террористӣ” унвон кард ва гуфт, он аз ҷониби “гурӯҳи муташаккили террористӣ содир шудааст”.
Ӯ дар нишасти матбуотии имрӯза, 15-уми феврал гуфт, дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) гумонбарони зиёд дастгир шудаанд, вале аз шумораи муайян ном набурд.
Ҳамин тариқ, вазир бо ишора ба сирри тафтишот аз додани ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ кард ва ваъда дод, ки баъди ба анҷом расидани тафтишот ба расонаҳо маълумот пешниҳод мекунад.
Охири моҳи январи соли равон Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи додситони минтақаи Кӯлоб дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар робита ба ин қазия 8 гумонбар, аз ҷумла 2 гумонбари асосӣ дастгир шуда, бар зиддашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале парванда муҳри махфӣ дорад.
Ба қавли ӯ, дар пайи ҳодисае, ки аввали моҳи январи соли 2024 рух дод, алайҳи ду гумонбари асосоӣ бо моддаҳои 179 ва 307 Кодекси ҷиноятӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) парванда боз гардид.
Ӯ зикр кард, ки боздоштшудагон ҳамчунин дар якчанд ҷиноятҳои дигар ҳам даст ва бо гурӯҳҳои ифротӣ алоқа доштаанд ва ҳамкорӣ мекардаанд.
“Ҳатто онҳо ҷиноятҳои содир кардаашонро навор гирифта мефиристодаанд. Аксарияти шариконашон шиносоӣ шудааст ва ҳоло онҳо ҳам боздошт хоҳанд шуд. Ба парванда ба ин хотир муҳри махфӣ зада шудааст”, - шарҳ дода буд иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб.
Ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳастанд. Шахсияти онҳо маълум нест.
Аввали моҳи январ Радиои Озодӣ хабар дод, ки мошини хидматии Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи 5-уми январ, дар назди хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид ва худаш маҷрӯҳ шудааст.
Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ҳадаф аз таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб чӣ будааст.





«Дюна», «Нарния» и «Голодные игры: Рассвет жатвы»: Самые ожидаемые фильмы 2026 года
В Таджикистане открылось трансферное окно: первые потери лидеров
Кого критиковал Эмомали Рахмон в 2025 году?
Трамп объявил о планах проведения сухопутной операции США против наркокартелей Мексики
Азербайджан экстрадировал на родину задержанного гражданина Таджикистана
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Свет опять подорожает, новые барьеры для въезда в США и история одного спасения
Эмомали Рахмон осуществил ряд кадровых перестановок в системе МВД
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 января 2026 года
Как фермеры Таджикистана борются с изменением климата? Наглядно
Таджикская валюта в 2025 году окрепла к доллару и евро, но ослабла к рублю
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста