Дар Туркия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм ва ба гумони омода кардани ҳамлаи террористӣ боздошт шуд. Дар ин бора рӯзномаи туркии “Ҳуррият” хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар Истанбул хадамоти вижаи Туркия ду узви ДОИШ* - як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд.
“Боздоштшудаҳо қасди як ҳамлаи террористиро дар Истамбул доштанд”, - гуфтаанд мақомоти амниятии Туркия.
Ҳангоми кофтуков мақомоти амниятӣ дар манзиле, ки гумонбарон зиндагӣ мекарданд, либоси пулис, чароғ, ғилофи корд ва таппонча пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки яке аз онҳо боздошт ва дигаре ихроҷ шудааст.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи Алӣ Йерликай, вазири корҳои дохилии Туркия, ҳафтаи гузашта тақрибан 200 гумонбари даст доштан дар гурӯҳи террористии ДОИШ* боздошт шуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 28-уми январ дар яке аз калисоҳои католикӣ дар Истанбул ду марди мусаллаҳ аз силоҳ оташ кушода, як нафарро куштанд.
Баъдан хабаргузории ВВС иттилоъ дод, ки мақомоти Туркия дар ин ҳамла шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”* иртибот доранд, гумонбар донистаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
С праздником Иди Курбон!
Иди Курбон-2024: Что нужно знать о самом главном празднике в исламе?
Суд в Бишкеке оправдал обвиняемых по Кемпир‑Абадскому делу
Как и для кого работает Центр реабилитации инвалидов в Душанбе?
Опасность схода селей сохраняется, пострадавшие ранее от стихии получили помощь
Где в Душанбе можно заняться вокалом?
Зарина Рахмон стала первым заместителем главы «Ориёнбанка»
«Я наточила перо на врага…». Зульфие Атои - 70 лет
Силовым структурам Баткена и Согда дали поручения по обеспечению общественной безопасности
Стали известны соперники молодежных сборных U-20 и U-17 Таджикистана на Кубке Азии - 2025
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста