Президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои руси худ Владимир Путин ибтидои моҳи июл дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" дар Олмон мулоқот хоҳад кард. Ин нуктаро намояндаи баландпояи Кохи сафед рӯзи панҷшанбе расман баён дошт.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, феҳристи масъалаҳои мавриди баҳси ду раҳбар ҳанӯз муайян нашудааст.

Гуфта мешавад, ҳамоиши сарони "Бистгонаи бузург" қарор аст, рӯзҳои 7-8 июли соли равон дар шаҳри Гамбурги Олмон баргузор шавад. Мулоқоти Трамп ва Путин дар доираи ин саммит нахустин дидори онҳо хоҳад буд.

Зимнан зикр мегардад, ки рӯзи 28 июн вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ хабар дод, ки раҳбарони ду кишвар дар Олмон мулоқот мекунанд. Ӯ афзуд, ки "руҳияи зиддирусӣ дар Вашингтон" ба ҳамкории Русия ва ИМА дар масъалаҳои ҷаҳонӣ монеа эҷод мекунад.