Раисҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин дар интихоботи навбатии президентии Русия ҳамчун номзади худпешбар иштирок карда метавонад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба РБК, ин сенарияро Кремл ҳамчун гузинаи беҳтар баррасӣ доштааст.

Ҳамсуҳбатони расона, ки аз онҳо ном бурда намешавад, гуфтаанд, Путин аз "пуштибонии ҷиддии ҷомеа" бархурдор мебошад, ки назар ба ҳимояти ҳизби "Русияи воҳид" қавитар аст.

Бинобар ин, ба гуфтаи онҳо, Путин ба эҳтимоли зиёд дар интихоботи оянда ҳамчун номзади худпешбар ширкат хоҳад кард.

Санаи интихоботи президентии навбатии Русия 18 марти соли 2018 муайян шудааст. Худи Путин аз посух ба пурсишҳо дар бораи иштирокаш дар интихобот худдорӣ мекунад.