🔸Соати 01:30 Вазорати тандурустии Қирғизистон расман эълон кард, ки дар пайи задухӯрди мусаллаҳона дар марз 24 нафар қирғизистонӣ кушта шуда, 87 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
🔸Соати 06:44 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз аҳдшиканӣ ва ҳамла ба минтақаҳои аҳолинишин аз ҷониби сарбозони қирғиз хабар медиҳад. Ҳамчунин, ин ниҳод таъкид мекунанд, ки нерӯҳои ҳарбии Қрғизистон бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мактабу хонаҳои сокинони осоишта ҳамла мекунанд.
🔸Соати 07:37 КДАМ-и Қирғизистон хоҳиши риояи созиши оташро мекунад.
🔸Соати 10:13 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз нақзи созиши оташбас аз ҷониби сарбозони Қирғизистон хабар медиҳад.
🔸Соати 11:09 Дар вилояти Боткент ҳолати фавқулода эълон мегардад.
🔸Соати 12:41 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм давоми рӯз изҳорот нашр карда, аз оташкушоии нерӯҳои низомии Қирғизистон ба дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
🔸Соати 12:44 Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд, аз ҷонибҳо даъват мекунад, ки маноқишаи мусаллаҳонаро қатъ кунанд ва сари мизи музоқирот нишинанд.
🔸Соати 14:45 Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо нашри изҳорот Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона даъват мекунад.
🔸Соати 16:09 Роҳбари хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон аз блоггерони кишвараш дархост мекунад, ки ҳангоми инъикоси муноқишаи марзӣ сиёсати ягонаи иттилоотиро ҷорӣ намоянд.
Пайомади тирпарронии рӯзи 17-уми сентябр ба ҳолати то соати 19:00 дақиқ нест. Ҷониби Тоҷикистон оид ба теъдоди қурбониён ва захмиён ҳеҷ иттилои расмӣ ироа накардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони Тоҷикистон аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, дар хусуси кушта шудани наздикони худ, маълумот нашр мекунанд.
Ҷониби Қирғизистон то ин лаҳза расман аз кушта шудани 24 нафар ва ҷароҳат бардоштани 121 нафар инттилоъ дод.
Бо ин пайванд метавонед хроникаи даргирии рӯзҳои 14 ва 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пайдо кунед.
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Таджикский шахматист выиграл серебро на домашнем турнире
Почему видеографы из Таджикистана переезжают в Дубай и чем их так привлекает этот город?
Ветровая и водородная энергетика: как опыт корейского острова Чеджу можно применить в Таджикистане?
В чём секрет китаянок, которые в 50 выглядят на 30?
Таджикистанец получил в Узбекистане 3,5 года тюрьмы за угон автомобиля в нетрезвом состоянии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста