Фарҳод Салим сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА ва писари Абдулмаҷид Достиев муовини пешини Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои Олии Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бораи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамчунин Шараф Шерализода муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Орзу Аҳмадзода муовини раиси ин ниҳод ҳам аз мақомҳояшон барканор шудааанд. Шараф Шерализодаро Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин кардааст.
Муовини дигари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ таъин шудааст, ки то ин вақт сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд.
Дар тағйироти имрӯз Хуршед Мирзо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Саид Зуҳурзода муовини раиси ин кумитаи таъин шудааст, ки то ин вақт сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии ин Кумита буд.
Эмомалӣ Раҳмон Сафаралӣ Қурбонзодаро муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширин Солеҳзодаро муовини раиси ин Хадамот таъин кардаааст. То ин вақт Дилшод Музаффарзода мансаби муовини якуми ин ниҳодро дар ихтиёр дошт, ки имрӯз барканор шуд. Зайдулло Мусозода ҳам имрӯз аз мансаби муовини раиси ин ниҳод озод карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





В Душанбе у родителей изъяли двоих детей за попрошайничество
65 сомони за мясо: жители Душанбе выстраиваются в очереди на ярмарках-продажах перед праздниками
Интернет в Таджикистане: как изменилась скорость и стоимость в 2025 году?
Союзники США отказались отправлять корабли в Ормузский пролив по призыву Трампа
Таджикистану ежегодно необходим $1 млрд в борьбе с изменением климата
Таджикистан приступает к реализации соглашения СНГ по борьбе с саранчой
Средняя зарплата в Таджикистане за последний год выросла на 17,3%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 марта 2026 года
Какое культурное наследие теряет Иран под ударами бомб
Гид по лучшим фотозонам Душанбе к Наврузу
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста