Шурӯъ аз 20 декабри соли равон ҳамарӯза аз соати 9: 00 то 13:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе Хуҷанд қатъ карда мешавад. Дар ин бора Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо нашри як эълон хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки тасмими мазкур ба гузаронидани корҳои таъмир ва барқароркунӣ дар дохили нақби "Истиқлол" рабт дорад.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҷараёни корҳои таъмир роҳ эҳтимол то 10 рӯз баста шавад.

Дар як соли охир ин бори дуввум аст, ки дар пайи корҳои таъмир дар нақби “Истиқлол” ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд баста мешавад.

Аз ин пештар, дар пайи оғози корҳои таъмиру таҷдид дар нақби «Истиқлол» аз моҳи июн то се моҳ ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд маҳдуд  шуда буд.

Он замон  ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи нақби «Истиқлол» аз соати 6:00 то 12:30 аз самти Хуҷанд ба Душанбе ва аз соати 12:30 то 19:00 аз самти Душанбе ба Хуҷанд манъ буд. Дар ин соатҳо ҳаракати роҳ дар дохили нақб яксамта сурат мегирифт.

Ёдовар мешавем, ки аввали соли равон Тоҷикистону Эрон бо нашри як қарордод миёни ширкати эронии “Фароб” ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои такмили нақби “Истиқлол” ба тавофуқ расида буданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азими Иброҳим гуфта буд, “марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби «Истиқлол» то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён хоҳад расид”.

Он замони гуфта нашуда буд, ки барои анҷоми корҳои марҳилаи дувуми такмили бунёди нақби “Истиқлол” чӣ миқдор маблағ масраф мешавад, аммо ишораҳо буд, ки саҳми ҷонибҳо 50 дарсадӣ хоҳад буд.

Муддати тӯлонӣ нақб чунин ҳолати ҳузновар дошт

Дар ҳамин ҳол моҳи октябри соли 2019 Ризо Ардакониён, муовини вазири энержии Эрон ҳангоми дидор бо Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Теҳрон ба расонаҳои эронӣ гуфта буд, ки Эрону Тоҷикистон барои анҷоми корҳои нақби “Истиқлол” муштаракан 10,5 млн доллар ихтисос хоҳанд дод, ки саҳми 50 дарсадӣ хоҳад буд.

Нақби “Истиқлол”-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 млн доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.