Чанд соли охир тоҷикон ҳарчӣ бештар тавассути давлати ҳамсояи Ӯзбекистон ба умра (ҳаҷҷи асғар, як қисми ҳаҷ, ки маросими махсус дорад) мераванд ва сабаби таваҷҷуҳ ба ширкатҳои хадамотрасони ҳамсоякишварро ба арзонии он нисбат ба хадамоти ширкатҳои ватанӣ марбут медонанд. Раиси кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки нарх зиёд фарқ намекунад ва тафовути андак ҳам бештар ба арзиши чиптаи ҳавопаймо ва намуди хидматрасонӣ вобаста аст.

Арзонӣ - омили аслии интихоби ширкатҳои узбекӣ

Мавлуда Умарова, як сокини шаҳри Душанбе, ки ду моҳ пеш якҷо бо шавҳараш тавассути давлати Ӯзбекистон ба умра рафт, мегӯяд, сабаби асосии таваҷҷуҳ ба ширкати ӯзбекӣ арзонии хадамоти он буд.

“Вақте нархи хидматрасонии ширкатҳои ватанӣ ва ӯзбекиро муқоиса кардем, фарқият назаррас буд. Масалан, дар Тоҷикистон аз мо барои сафари як нафар наздики 20 ҳазор сомонӣ (1825 доллари ИМА) талаб карданд. Ширкати ҳамсоякишвар бошад, бо қариб ними ин маблағ – 12 ҳазор сомонӣ (1100 доллари ИМА) ба мо сафари хубро пешниҳод кард. Барои ду нафар фарқият беш аз 15 ҳазор сомонӣ (1450 доллари ИМА) – ро ташкил намуд. Барои ҳамин, мо ҳам интихоб кардем ширкати ҳамсоякишварро”, - мегӯяд Мавлуда Умарова.

Ин зан мегӯяд, то Тошканд ва дар бозгашт аз пойтахти Ӯзбекистон то Душанбе барои ду нафар тақрибан 1000 сомонӣ (90 доллари ИМА) сарф кардаанд.

 “Ҳамроҳи мо тоҷикони зиёд буданд. Аз ин лиҳоз, барои мо роҳбаладеро ихтисос доданд, ки забони тоҷикиро хуб медонист ва мо бо шароити хуб сафари худро анҷом додем”, - мегӯяд Мавлуда Умарова.

Муҳаббат Шукурова, сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҳам тобистони соли ҷорӣ тавассути шаҳри Тошканди давлати Ӯзбекистон ба умра рафтааст. Ӯ ҳам мегӯяд, бо назардошти арзонии хадамот ширкати ҳамсоякишварро интихоб кардааст.

“Мо як гуруҳ пайвандон нияти сафар доштем. Пеш аз сафар нархи сафар тавассути ширкатҳои ватаниро пурсон шудем, ки аз 18 то 20 ҳазор сомонӣ буд. Аз ин лиҳоз, ширкати ӯзбекистониро интихоб кардем, ки барои ҳар нафар 12 ҳазору 500 сомонӣ (1150 доллари ИМА) маблағ талаб мекарданд. То Тошканд иловатан барои ду тараф тахминан 300 сомонӣ (27 доллари ИМА) сарф кардем”, - гуфт Муҳаббат Шукурова.

Ин зан мегӯяд, меҳмонхонае, ки дар шаҳри Макка онҳоро ҷойгир карданд, аз Масҷид-ул-Ҳаром (масҷиди муқаддаси мусалмонон, ки Каъба дар он ҷойгир аст) 2-3 км дуртар буд ва онҳо пиёда ҳам метавонистанд ба зиёрат раванд.  Меҳмонхонае, ки дар шаҳри Мадина ҷойгир шудаанд аз масҷиди Набавӣ (дуюмин масҷиди калонтарини ҷаҳон, ки дар он пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) ба хок супорида шудааст) тахминан 200 метр дуртар будааст.

“Дар 1 ҳуҷраи меҳмонхона то 4 нафар иқомат доштем. Занҳо ва мардҳо алоҳида буданд. Хӯроки нисфирӯзӣ ва шом ройгон пешниҳод мешуд”, - гуфт Муҳаббат Шукурова.

Таблиғоти босамар, аммо барои мо манфиати бегона

Бояд гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ширкатҳои зиёди Ӯзбекистон, ки хадамоти сафар ба умраро пешниҳод мекунанд, зиёд ва хеле фаъоланд. Онҳо бо нархҳои арзонтар аз ширкатҳои тоҷикистонӣ сафар ба умраро пешниҳод мекунанд ва эълонҳояшон бо забони тоҷикӣ ҳам бисёр аст.

Таблиғоти яке аз ширкатҳои ҳамсоякишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Намогирифт

Санҷиши мо маълум кард, ки хадамоти ширкатҳои ӯзбекистонӣ вобаста ба рӯзи сафар ва меҳмонхона дар Арабистони Саудӣ аз ҳам каму беш фарқ мекунанд. Дар умум, хадамоти ширкатҳои ҳамсоякишвар аз 10 ҳазору 500 сомонӣ то 13 ҳазор сомонӣ  (950 - 1200 доллари ИМА) барои як нафар арзиш дорад. Хароҷоти сафар то Тошканд алоҳида ва аз ҳисоби худи зоир пардохт карда мешавад (тахминан 500 сомонӣ барои масири Душанбе – Тошканд - Душанбе).

Интихоби кам ва нархи гарон

Бо фарқ аз Ӯзбекистон, дар Тоҷикистон ширкатҳои хадамотрасон барои адои умра зиёд нестанд.

Ғайр аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ки ҳамзамон танзимгари соҳа аст, мо тавонистем ду ширкатеро муайян намоем, ки ба интиқоли хоҳишмандон ба умра машғул аст. Инҳо ширкатҳои ҶДММ “Ормон” ва “Мунзал” мебошанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, ки хадамоти умраи ин ниҳод 17 – 19 ҳазор сомонӣ (1550 – 1730 доллари ИМА) аст.

Сайёра Маҳмудова, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз Душанбе ва бо истифода аз хадамоти ширкати ҶДММ “Ормон” ба ҳаҷҷи умра рафтааст, мегӯяд, 17 ҳазор сомонӣ (1550 доллари ИМА) пардохт намуд ва аз Душанбе мустақиман ба Арабистони Саудӣ парвоз кард.

“Дар меҳмонхонаи Андалуси Макка, 4-кас дар 1 хона иқомат кардем. Хӯроки нисфирӯзӣ ва шом ройгон буд. Аз меҳмонхона то Масҷид-ул-Ҳаром масофа наздик буд ва пиёда мерафтем”, - гуфт ӯ.

Аммо Суннатулло Зокиров (ному насаб  бо хоҳиши қаҳрамон иваз шудааст), як сокини шаҳри Душанбе, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба умра тавассути Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим рафтааст, мегӯяд, 24 ҳазор сомонӣ (2190 доллари ИМА) пардохт намуд.

Таблиғоти яке аз ширкатҳои Тоҷикистон
Намогирифт

“Он замон интихоби зиёд ва аз хадамоти ширкатҳои ӯзбекӣ огоҳӣ надоштам. Агар медонистам, ки ин ширкатҳо ҳамсоякишвар ба ин ҳад арзонанд, албатта тавассути Ӯзбекистон сафар мекардам”, - мегӯяд ӯ.

Фақият дар сатҳи хидматрасонӣ аст?

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар нишасти ахири ин ниҳод, тобистони соли ҷорӣ фарқияти арзиши хидматрасонӣ миёни ширкатҳои ватанӣ ва ӯзбекиро ба нархи чиптаи ҳавопаймо ва сатҳи хидматрасонӣ рабт дода буд.

Ӯ зикр карда буд, ки дар умум, фарқият дар нарх миёни ширкатҳои хадамотрасони ду давлат зиёд нест.

Аммо тавре мушоҳида мешавад, хадамоти ширкатҳои ӯзбекӣ ҳадди ақалл 40 дарсад аз хидматрасонии ширкатҳои тоҷикӣ арзонтар аст. Аз ин рӯ, талабот ба хадамоти ширкатҳои ӯзбекистонӣ ҳам афзоиш меёбад.

Бар замми ин, ширкатҳои ӯзбекистонӣ махсус барои тоҷикон роҳбаладони тоҷикзабон ихтисос дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бо забони тоҷикӣ ба таври густурда хадамоти худро таблиғ мекунанд.

Тоҷикистон чӣ қадар зарар мекунад?

Аслан Ҳаҷ яке аз рукнҳои дини ислом буда, адои он барои ҳар мусалмони болиғ, оқил ва озод фарз аст ва он ду навъ мешавад: фарзӣ ва умра.

Ҳаҷҷи фарзӣ маросимест, ки вақти муайян дорад ва дар арафаи Иди Қурбон анҷом дода мешавад. Ва барои адои он ҳар сол аз ҷониби Арадистони Саудӣ барои ҳар кишвар квотаи муайян ҷудо мегардад. Соли гузашта ин кишвар барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо карда буд. Арзиши ин сафар аз умра бештар аз ду маротиба гаронтар аст.

Давоми 5 соли охир бошад, аз Тоҷикистон бештар аз 30 ҳазору 500 нафар ба Ҳаҷҷи фарзӣ рафтаанд ва барои ин бештар аз 1 млрд 355 млн сомонӣ (123,7 млн доллари ИМА) сарф кардаанд.

Умра бошад, вақти мушаххас надорад ва давоми сол ҳар нафар метавонад адо кунад. Ҳеҷ маҳдудияте ҳам дар робита ба теъдоди зоирон вуҷуд надорам, аммо арзиши сафар арзонтар мебошад.

Аз ин лиҳоз, омори зоирини тоҷик, ки ба солона ба умра мераванд, дақиқ маълум нест. Муайян кардани теъдоди тоҷиконе, ки тавассути Ӯзбекистон ба умра мераванд, боз ҳам душвортар аст.

Бинобар ин, ҳисоби дақиқи маблағе, ки зоирини тоҷик барои сафар ба ҳаҷҷи умра тавассути ширкатҳои ӯзбекистонӣ сарф мекунанд, ғайриимкон аст, аммо бо назардошти осонии равуо миёни ду кишвар, афзоиши пайвастаи сафари тоҷикон ба Ӯзбекистон ва таблиғоти густурдаи ширкатҳои узбекӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тахмин кардан мумкин аст, ки теъдоди тоҷикони тавассути Ӯзбекистон ба сафари умра рафта, рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Табиист, ки бо афзоиши теъдоди зоирони тоҷики тавассути Ӯзбекистон сафаркунанда, маблағи сарфшуда ҳам афзоиш меёбад.

Аммо ин маблағ чӣ қадар аст, то ҳол касе ҳисоб накардааст. Маблағе, ки метавонист дар дохили Тоҷикистон монад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.