Рӯзи 3-юми май дар доираи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ таҳти унвони «Наврӯз» дар Театри ҷавонон ва Театри Лоҳутӣ ду намоиши ҷолиб аз ҷониби ҳунармандони Эрон ва Русия ба саҳна гузошта шуд.

 

«Одоби шикори рӯбоҳ» — маҳкум кардани чоплусӣ ва талаби озодӣ

Субҳи дирӯз дар саҳнаи Театри ҷавонон, ҳунармандони Театри давлатии Эрон намоиши драмавии «Одоби шикори рӯбоҳ»-ро ба саҳна гузоштанд. Намоиш, ки бо бозигарии се ҳунарманд таҳия шудааст, аз нахустин лаҳзаҳо фазои пуршиддат ва эҳсосиро офарид.

Қаҳрамонони асосии намоиш — Аббос ва Худодод — ду муҳофизи шахсии подшоҳ Муҳаммадхони Қочор ҳастанд, ки дар натиҷаи ноумедӣ, таҳқир ва тарс аз сарнавишти худ, тасмим мегиранд подшоҳро бикушанд ва фирор кунанд.

Сюжети намоиш драммаи равонии пурпечутоб аст, ки аз марҳилаи банақшагирии қатл оғоз ёфта, бо кушта шудани қаҳрамонон ба итмом мерасад. Онҳо, дар набудани подшоҳ, бозии аҷиберо оғоз мекунанд: ҳар кадом навбат ба навбат нақши подшоҳро мебозанд, ҳамдигарро таҳқир ва бо ин роҳ нафрати якдигарро бедор мекунанд.

Дар ин моваро, қаҳрамонон чоплусиву сархамиву ғуломиро ҳатто дар боробари шоҳ маҳкум карда, хостори зиндагии озод ва бо ифтихор мешаванд. Ҳарду якдигарро таҳрик медиҳанд, то шоҳро ба қатл расонида, аз банду қайд озод шаванд. Дар гуфтугӯи қаҳрамонҳо мушкилоти раъият ва зиллати оммаи мардум радду бадал мешавад.

1/8

Ин бозӣ дар ниҳоят ба фоҷиа меанҷомад: Аббос кушта мешавад, Худодод, ки таҳти фишори равонӣ девона шудааст, бо нӯшидани заҳр худро ба қатл мерасонад.

Ин намоиш бо бозии пуртаъсири ҳунармандон тавонист тамошобинонро ба андеша барад. Тамошобинон, ба вижа ҳунармандону коргардонҳои тоҷик аз муҳтавои намоиш лаззат бурда, ба ҳунарофарии се ҳунарманди эронӣ, ки тавонистанд муҳити таъсирбахш созанд, аҳсант хонданд.

 

«Никоҳи пинҳон» — мазҳакаи пуртазод

Бегоҳии дирӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳаводорони опера намоиши мазҳакавии «Никоҳи пинҳон»-ро тамошо карданд. Ин асари мусиқии композитори итолиёӣ Доменико Чимароза соли 1792 навишта шуда, яке аз намунаҳои барҷастаи опера ба шумор меравад.

Театри драмаи мусиқии бачагонаи шаҳри Маскав ин намоишро бо сабки хеле тозаву касбӣ ба саҳна овард. Қиссаи ошиқонаи Каролина ва Паолино, ки пинҳонӣ издивоҷ кардаанд, асоси сужаро ташкил медиҳад.


Ашрофзодае ба Русия меояд ва ба хонаи сарватманди рус меҳмон мешавад. Сарватманди рус мехоҳад духтари калонии худро ба ашрофзода диҳад, вале меҳмон ба духтари хурдии мизбон дил мебандад. Таззоди намоиш аз ин ҷо оғоз мешавад, ки ашрофзодаи меҳмон аз муҳосиби сарватманди рус ёрӣ металабад, то дили духтари хурдиро ба даст орад, дар ҳоле, ки он муҳосиб ҳам ба духтари хурдӣ ошиқ аст.

Ин қиссаи аҷибу пуртазод, ки дар ниҳоят ҳама ба хостаи худ мерасанд, бо оҳангҳои зинда ва саҳнаҳои шӯх намоиш дода шуданд. Тамошобинон аз шӯхиҳои зариф, ҳаракатҳои бозигарони ҷавон ва танзҳои ошиқонаи рӯҳбаландкунанда ба завқ омаданд.

Бо вуҷуди он ки намоиш аз ҷониби як театри бачагона иҷро шуд, маҳорати овозхонҳо ва иҷрои саҳнавии онҳо дараҷаи баланди касбӣ дошт.


Ҳарду намоиш — бо мазмуну равиши гуногун — яке намоиши ғамангези равонӣ, дигаре операи мазҳакавӣ — паёми муҳим доштанд: намоишҳо нишон медоданд, ки аҳамияти ҳунар дар шикастани чаҳорчӯбаҳо, дар гуфтани дардҳои ҷомеа ва ба эҳсосоти инсонӣ расида, таъсири мусбат расонидан аст.

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - «Наврӯз» имсол бо ҷалби театрҳои Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон дар Душанбе муҳити идона сохтааст, ки мардумро ба театр мекашонад.

Ёдовар мешавем, ки ин ҷашнвора рӯзи 2-юми май бо саргузашти “Рӯдакӣ” оғоз шуд, ки онро Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузошт. Фестивал то 6-уми май идома мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.