Шоми дирӯз, 2-юми май дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” оғоз гардид ва ҳунармандони Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ нахустин намоишномаи фестивалро рӯйи саҳна оварданд.
Дар саҳни театр, нахуст, зери оҳангҳои гуногун, рақсҳои миллии тоҷикон, туркҳову озариҳо, қазоқҳову ӯзбекҳо ва русҳо намоиш дода шуд. Ин қисмати фароғатиро меҳмонон хуш истиқбол карданд.

Баъдан, ҳунармандони театрҳои меҳмонро Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон як-як дар даромадгоҳи театр пешвоз гирифт.
Толори театр моломоли тамошобинон ва мухлисони ҳунари театрӣ буд ва ҷашнвора бо суханронии расмӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Матлубхон Сатториён аҳамияти фестивалро бузург арзёбӣ карда, гуфт, ки ин ҷашнвора барои тақвияти ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои ҳунармандони кишварҳои ширкатдошта мусоидат менамояд.
“Ҳадафи фестивал густариши равобиту ҳамкории фарҳангӣ, рушди театрҳои касбӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо мебошад”, - гуфт вазири фарҳанг.
Баъдан ҳунармандони Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ намоиши операи “Рӯдакӣ”-ро манзури ҳаводорон гардониданд. Ин нахустин намоиши фестивал буд.
Ин намоиш аз сафари Рӯдакӣ аз зодгоҳаш ба Бухоро оғоз шуда, ҳамин тавр саргузашти минбаъдаи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, ки дар дарбори амир ба мартабаҳои баланд расид, саҳнагузорӣ шуд ва бо кушта шудани Нигина - дӯстдоштаи шоир намоиш ба итмом расид.
Бояд гуфт, ки дар ҷашнвораи мазкур театрҳои Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат мекунанд.
Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барҳам хӯрда буд. Акнун он дубора эҳё мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе чанде пеш ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту 2025” баргузор гардида буд.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста