Қурбон Холов, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва яке аз ситораҳои балети тоҷик рӯзи 21 май дар Маскав дар синни 76 аз олам чашм пӯшид.

Бино ба иттилои расонаи мустақили сомонаи Ахбор (Akhbor.com), Қурбон Холов 2 марти соли 1941 дар шаҳраки Шаҳринав ба дунё омада, аз соли 1961, баъди хатми омӯзишгоҳи хореографии Ленинград дар театри опера ва балети ба номи Айнии шаҳри Душанбе ба кор сар кард.

Қурбон Холов бо иҷрои нақши Қайс -Маҷнун дар балети “Лайлӣ ва Маҷнун”, Чингизхон дар балети “Темурмалик”, Қодир аз “Писари Ватан” шӯҳрат ёфта, алакай дар соли 1974, вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистонро ба даст овард. Баъди суқути Шӯравӣ Қурбон Холов як муддат дар Туркия ҳамчун устоди рақс кор карда, солҳои охир дар Русия зиндагӣ мекард.