Шукурҷон Зуҳуров, раиси собиқи парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 24-уми апрел дар Пленуми 4-уми ғайринавбатии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон раиси ин Шуро интихоб шудааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Пас аз фавти Раҳмат Қудратов, раиси пешини Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат дар соли 2022 ин ниҳод роҳбар надошт.

“Инчунин дар пленум масъалаҳои ташкил ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни  Ғалаба ва самтҳои фаъолияти Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд”, -омадааст дар хабар.

Шукурҷон Зуҳуров, ки чанде пеш, 16-уми апрели соли равон 70-сола шуд, яке аз кадрҳои собиқадори ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ дар чор даъват вакили парлумон буд, ки дар ду даъваташ ба ҳайси раиси ин ниҳоди қонунбарор кор кардааст.

Вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати якум (солҳои 1995-2000) мебошад.

Ӯ қаблан дар вазифаи раиси зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор карда, дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро буд.

Нақши Зуҳуров гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон ва баргардонидани гурезагон ба Тоҷикистон назаррас аст.

Шукурҷон Зуҳуровро соҳиби орденҳои «Зарринтоҷ», «Дӯстӣ», «Шараф», Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

Дар интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми марти соли 2020 ӯ дигар ба ҳайси вакил интихоб нашуд ва ҳамин бознишаста шуд. Ҳоло раиси парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аст.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.