ЧОРАБИНИҲОИ 6 АВГУСТ
- Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Агентии омор (соати 08:00), Вазорати рушди иқтисод ва савдо (соати 09:00), Вазорати саноат ва технологияҳои нав (соати 10:00), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ (соати 11:00), Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ (соати 08:00).
- Имрӯз дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола оғоз мегардад. Тими миллии занонаи то 20-солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи “С” шуда, бо дастаҳои Австралия, Тайпэйи Чин ва Фаластин рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 6 то 10-уми август дар Душанбе баргузор мешаванд. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола 33 даста ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар як гурӯҳ панҷ даста ва дар ҳафт гурӯҳи даигар чаҳор дастаӣ ҷой гирифтааст. Дастҳои зинаи аввали гурӯҳҳо ва се тими беҳтарини зинаи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
- Имрӯз дар Хуҷанд дар осмони кушоди боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ шоми “Астрономияи кӯчагӣ” бо иштироки Владислав Токарев, астрономи рус доир мегардад. Намоиш то 10-уми август идома меёбад.
Меҳмонон метавонанд бо истифода аз телескоп Моҳ, Сатурн ва ситораҳои дурахшонро мушоҳида карда, кайҳонро тамошо кунанд. Астрономия давоми ин рӯзҳо аз соати 20:30 то 22:30 баргузор мегардад ва иштирок озод аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 АВГУСТ
Соли 2004 - Ғаффор Мирзоев, раиси пешини Оҷонсии назорати гардиши маводи мухаддир ва фармондеҳи собиқи Горди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳафт тан аз муҳофизонаш аз тарафи нерӯҳои амниятии кишвар боздошт шуд.
Соли 2011 – Дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 2011 - Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд.
Соли 2019 – Дар шаҳри Душанбе Маркази омӯзиши минтақавӣ оид ба ашёҳои тарканда дар назди Вазорати мудофиа ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2020 – Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқиша рух дод. Дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва як сарҳадбони қирғиз захмӣ шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1940 – Мавлуди Абдураҳмон Ҳакимзода, доктори илми иқтисодӣ, профессор.
Соли 1941 – Зодрӯзи Дамир Дӯстмуҳаммадов, оҳангсози шинохтаи тоҷик.

Дамир Дӯстмуҳаммадов аз оҳангсозони саршиноси тоҷик аст, ки оҳангҳои эҷоднамудаи ӯ ба суруду операву либреттову саҳнаҳои театрӣ аз балоғати ҳунари ӯ нишонаанд.
Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва баъд Консерваторияи давлатии Маскав ба номи Чайковский аст.
Нахустин оҳангҳои ӯ ба шеърҳои “Кабӯтари сафеди ман”-и Аминҷон Шукӯҳӣ, “Хаёли ширин”, “Мавҷи гул”-и Меҳмон Бахтӣ баста шудаанд.
Дар эҷодиёти ӯ операи “Лаънаткардаи халқ”, либреттои “Қишлоқи тилоӣ”-и М.Миршакар, либреттои “Сарбози халқ”-и С. Улуғзода, якумин операи бачагонаи тоҷик – “Хонаи Заргушбибӣ” мақоми хоса доранд.
Инчунин дар як қатор намоишномаҳои театрӣ оҳанги асарҳоро иҷро намдуааст, аз ҷумла “Модар нигарон буд”, “Лаънаткардаи халқ”, “Суруди нотамом”, “Қишлоқи тилоӣ”, “Вохӯрӣ”, “Сарбозони халқ”, “Гули сиёҳ” ва ғайра.
Дамир Дӯстмуҳаммадов соли 2003 дар 62-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1952- Зодрӯзи Имомназари Холназар, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва нахустин сардабири ҳафтномаи "Адолат".

Имомназари Холназар соли 1975 баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар рӯзномаи он замон машҳур - "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз кардааст.
Баъдан то соли 1990 ӯ дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" чун хабарнигор, мудири шӯъба ва котиби масъул кор кард ва баҳори соли 1990 бинобар мухолифаташ бо бархурди ҳукумати вақти кишвар ба ҳаводиси баҳманмоҳ аз мақом барканор шуд. Аммо ӯ боз ҳам канор нарафт ва ба дунболи ин ҳафтаномаи “Адолат” - нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистонро таъсис дод ва худ аввалин сардабири он шуд. Ин ҳафтанома то шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз маъруфтарин нашрияҳои вақт маҳсуб меёфт.
Ӯ аз соли 2000-ум аз бемории қанд ранҷ мебурд. Вале бо вуҷуди ин ӯ кори эҷодиро канор нагузошт ва то лаҳзаҳои вопасини умр бо қаламу коғаз ҳамроҳ буд. Китобҳояш бо номи "Ҳар киву ҳар чи", "Ман ҳамин хел одам", "Боре набувад гаронтар аз ор", “Аз хандая мемурӣ” ба дасти хонанда расида буданд.
Охирин китоби навиштаашро бо номи “Аҷаб замонаҳое...” барои нашр ба дасти чоп супурда буд, вале ба ӯ муяассар нашуд, ки онро ба даст гирад. Рӯзи 22 марти соли 2007 дар 55 солагиашон даргузашт.
Соли 1953- Зодрӯзи Манзура Улҷабоева, рассоми театру кино, таҳиягар.
Соли 1970 – Мавлуди Тоҳирҷон Муъминов, футболбози тоҷик, сармураббӣ.
Соли 2009 - Қурбоналӣ Хуҷамов, рӯзноманигорон ва сардабири рӯзномаи “Зиндагӣ”, бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ ба ҳалокат расид.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
6 августи соли 1945 Амрико ба шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ партофт. Соати 8:15 дақиқаи субҳ аз баландии 10 ҳазор метр бомбаи "Little Boy" сар дода шуд, ки дар баландии 600 метр таркид. Дар натиҷа тақрибан 200 ҳазор нафар кушта ё бедарак гардиданд ва беш аз 160 ҳазор нафар маҷрӯҳ ва гирифтори радиатсия шуданд. Аксари қурбониён сокинони осоишта буданд.
Сӯхторҳо дар масофаи 4 километр аз маркази таркиш чанд соат идома карданд. Аз 90 ҳазор бинои шаҳр 62 ҳазор комилан нобуд гаштанд.

Ин бомбборон дар асл як озмоиши таҷрибавии бомбаи нав буд. Ҳавонавардони амрикоӣ танҳо бомба напартофтанд, балки тамоми ҷараён ва таъсири онро низ сабт карданд. Се рӯз пас – 9 август Амрико ҳамлаи дуюми атомиро ба шаҳри Нагасаки анҷом дод.
Ҳамасола 6-уми август дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи Ҳиросима ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои манъи силоҳи ҳастаӣ таҷлил мегардад.
Рӯзи 6-уми август ҳамчунин Рӯзи табибони ҷаҳон ба хотири сулҳ таҷлил мешавад. Ин сана аз ҷониби созмони “Табибони ҷаҳон ба хотири пешгирии таҳдиди ҳастаӣ” пешниҳод шудааст.
Он ба нақши табибон дар наҷоти ҳаёти одамон ва кӯшишҳояшон барои нигоҳ доштани сулҳ дар ҷаҳон бахшида шудааст.

6-уми августи соли 1961 Герман Титов, кайҳонаварди шӯравӣ ба фазо парвоз кард ва баъди Юрий Гагарин дуввумин инсон шуд, ки ба фазо парвоз мекунад.
Соати 9:00 бо вақти Маскав, ӯ бо киштии “Восток-2” ба мадори Замин баромад ва дар давоми 25 соат 11 дақиқа Заминро 17 маротиба давр зад.

Ӯ аввалин нафаре буд, ки дар фазо хӯрок хӯрд, хоб рафт ва аз Замин акс бардошт.
6-уми августи соли 1991 аввалин сервери интернет ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз кард. Гарчанде лоиҳаи WWW (World Wide Web) соли 1989 аз ҷониби олимони Бритониё таҳия шуда буд, вале маҳз дар соли 1991 бо компютери "NeXT" таҳти роҳбарии Тим Бернерс-Ли, аввалин сервер, браузер ва муҳаррири интернет сохта шуд.
6-уми август санаи оғози расмии Интернети муосир ва пайдоиши веб-саҳифаҳо дониста мешавад.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23 гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 31+33º гарм.



