ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

- Имрӯз дар шаҳри Панҷакент Ҷашнвораи байналмилалии санъати халқии “Сӯзании Панҷакент” баргузор мегардад. Ин ҷашнвора бори аввал доир шуда, рӯзи 13-уми декабр ҷамъбаст мешавад. Ин чорабинӣ ба муносибати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф гардидани Панҷакент доир шуда, дар доираи он намоишгоҳи бузурги сузанӣ ва намоишгоҳи ҳунармандони маҳалливу сурат мегирад.

Ҳамчунин, вохӯрии ҳунармандон бо намояндагони Бозори байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ (IFAM Santa Fe) ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.


- Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Муқовимат ба фасод дар соҳаи тиҷорат” баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар меҳмонхонаи “Crowne Plaza”-и пойтахт ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо фасод доир шуда, намояндаҳои ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тоҷирон, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалии соҳавӣ ширкат мекунанд.

Ҳадафи форум, ки аз сӯи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ташкил мешавад, рушди ҳамкории соҳавӣ бо аҳли тиҷорат, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ гуфта мешавад.


– Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Он то рӯзи 13-уми декабр идома мекунад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1932 – Роҳи мошингарди Сталинобод (Душавнбе) – Қӯрғонтеппа (Бохтар) ба истифода дода шуд.

Соли 2007 – Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи ипотека” қабул шуд.

Соли 2014 – Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) тасмим гирифт, ки аз ин ба баъд дониши вакилони ҳамаи сатҳҳо аз забони тоҷикӣ санҷида мешавад.

Соли 2015 – Дар Душанбе пайкараи ёдгорӣ, ки ба ифтихори 20-солагии Тоҷикистони Шӯравӣ гузошта шуда буд, тахриб гардид.

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ ба Шри-Ланка рафт.

Соли 2016 – Бо қарори суд намояндагии Кумитаи кӯмаки “Имдод” ба номи Имом Ҳумайнӣ дар Тоҷикистон баста шуд.

Соли 2017 – Каромат Шарипов, яке аз пуштибонҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум ва ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Ӯ соли 2020 дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Каромат Шарифов

Соли 2017 – Дар шаҳри Ню-Йорк байни Тоҷикистон ва Ҷамайка муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардид.

Соли 2018 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар бораи таъсиси Шӯрои миллии рушди маориф дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе қарор қабул кард.

Соли 2018 – Шаҳри Душанбе бо шаҳри Хайнани Чин созиши бародаршаҳрӣ ба имзо расонид.

Соли 2023  - Олмон  барои сохтмони НБО “Себзор” дар ВМКБ 10 млн. евро грант ҷудо кард

Соли 2023 – Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, роҳбарони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи муайян ва мувофиқа кардани 90% сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар доданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Мавлуди Абдулғанӣ Мирзоев, академик, адабиётшинос ва шарқшиноси тоҷик

 

Абдулғанӣ Мирзоев

Абдулғанӣ Мирзоев дар рушди илмҳои филологии тоҷик бо нашри мақолаҳои илмӣ, очерк ва тадқиқотҳояш саҳми бориз дорад. Мақолаву очеркҳояш бо тахаллусҳои “Гулханӣ”, “Шаҳидӣ” ва “Абдулғанӣ” дар рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони сурх” ва маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” ба табъ расидаанд.

“Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик”, “Мулҳами Бухороӣ”, “Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X-XV”, “Сталинобод”, “Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ”, “Ҳикояҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ”, “Фонӣ ва Ҳофиз”, “Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ” аз ҷумлаи осори Абдулғанӣ Мирзоев аст.

Соли 1914 – Зодрӯзи Арда Қувватов, муаррихи тоҷик.

Соли 1925 – Мавлуди Аҳмади Шомлу, шоир, нависанда, пажӯҳишгар ва мутарҷими эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дорад.

Аҳмади Шомлу

Аҳмади Шомлу, ки бо тахаллусҳои Аҳмад, Бомдод ва Субҳ низ эҷод мекунад, зодаи шаҳри Теҳрони Эрон буда, дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад.

Ӯ муаллифи маҷмуаҳои шеърии “Оҳангҳои фаромӯшшуда”, “Оҳан ва эҳсос”, “Қатънома”, “Ҳавои тоза”, “Боғи ойина”, “Дарахту ханҷару хотира”, “Қақнус дар борон”, “Лаҳза дар борон”, “Лаҳзаҳо ва ҳамешаҳо”, “Марсияи хок”, “Иброҳим дар оташ”, “Таронаҳои кучаки ғурбат”, “Дар остона”  аст. Аҳмади Шомлу дар таҳқиқ низ қувваозмоӣ кардааст.

Дар бораи Ҳофизи Шерозӣ, “Ҳафт пайкар”-и Низомӣ, рубоиёти Умари Хайём, дубайтиҳои Абусаиди Абулхайр ва Бобо Тоҳир рисолаҳо навиштааст.

Соли 1928 – Зодрӯзи Чингиз Айтматов, Нависандаи халқии Қирғизистон.

Чингиз Айтматов

Ин нависандаи қирғиз, ки аксари асарҳояш ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд, дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад, махсусан, “Киштии сафед”, “Муаллими нахустин”, “Дуроҳаи бӯронӣ” ва “Қиёмат”.

“Ҷамила”, “Сарвқади рӯймолсурхаки ман”, “Чашми уштур”, “Муаллими нахустин”, “Роҳи Каҳкашон” ва “Турнаҳои бармаҳал” дар ҳавои романтикӣ навишта шудаанд. Повесту романҳои “Падруд, ҷонваракам”, “Саги алое, ки лаб-лаби баҳр метозад”, “Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд” таҷассумгари таҳаввули эҷодиест, ки нависанда аз охири солҳои 60-и садаи XX сар карда аз сар гузаронидааст.

Ин таҳаввул дар эҷодиёти Айтматов аз повести “Киштии сафед” оғоз шуда дар романи фалсафию иҷтимоии “Дуроҳаи Буронӣ” ба авҷи худ расидааст.

Соли 1963 – Мавлуди Юлдуз Усмонова, овозхон ва ҳунарпешаи ӯзбек, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Юлдуз Усмонова бо иҷрои сурудҳои ҷаззоб ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон низ маҳбубият дорад. Ӯ чанд маротиба ба Тоҷикистон омадааст. Бори аввал соли 2017 ба шаҳри Душанбе омада барномаи консертии худро баргузор намуд. Бори дигар моҳи апрели соли 2019 ба Тоҷикистон омад ва рӯзҳои 26, 27 ва 28-уми апрел дар се шаҳр Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар барномаҳои бузурги консертии худро барпо намудааст.

Ба Юлдуз Усмонова 18-уми апрели имсол дар қатори чанд сарояндаи дигари Ӯзбекистон унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон тақдим гардид.

Соли 1970 – Зодрӯзи Парвиз Пӯлодӣ, оҳангсоз, ҳунарпешаи театру синамо

Парвиз Пулодӣ

Парвиз Пӯлод дар баробари овозхонӣ инчунин, дар театру синамо низ нақш офаридааст. Як давраи тӯлонии фаъолияташ дар Театри ҷавонон ба номи Воҳидов сипарӣ шудааст. “Дӯст медорам туро”, “Ассалом”, “Ишқи аввал”, “Бори ғам”, “Арӯсӣ”, “Модар”, “Ватан”, “Ман чаро дил ба ту додам”, “Ту куҷоӣ”, “Омадам” аз зумраи оҳангҳои дилнишини ин ҳунарманд аст.

Соли 1978 – Мавлуди Анварбек Бобоев, олим, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Соли 1971 – Саидалӣ Вализода, шоири тоҷик даргузашт.

Саидалӣ Вализода

Саидалӣ Вализода, ки ҳамзамон чун Гӯрӯғлисарои машҳури тоҷик мешиносанд, асосан дар такя ба рӯйдодҳои замони зиндагиаш эҷод кардааст. Аксари шеърҳои дар замони ҶБВ навиштааш барои баланд кардани рӯҳияи халқ ва бар зидди фашизм навишта шудаанд. Минбаъд, замони осоиштагӣ дар мадҳи тинҷии замон ва корнамоии шахсиятҳои давр навиштаҳо дорад.

Соли 1993 – Ғаффор Валаматзода, устоди санъати рақси тоҷик, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон аз олам чашм баст.

Ғаффор Валаматзода

Раққоси мумтози тоҷик, Ғаффор Валаматзода бо иҷрои рақс дар драмаҳои мусиқии “Оршин-мол-олон”,  “Восеъ”, “Гулсара”, намоиши мусиқии “Лола”, балети “Ду гул”, рақси “Салла” ва дигар рақсҳо дар хотирҳо устувор нақш бастааст. Ӯ ҳамчун коргардон як зумра намоишҳои раусӣ ва балетҳо ба саҳна гузоштааст, аз ҷумла “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Сарчашмаи бахт”, “Эсмералдо”, “Шуриши Восеъ”, “Комде ва Мадан”, “Домоди номдор” ва “Ғуломон”.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии бетарафӣ, яъне иштирок накардан дар ҷанг ва даст кашидан аз иштирок дар ҷунбишҳои ҳарбӣ дар давраи осоишта мебошад. Бо риояи сиёсати бетарафӣ, давлатҳо дар давраҳои гуногуни таърих кӯшиш мекарданд, ки худ ва шаҳрвандони худро аз оқибатҳои харобиовари ҷангҳои дар қаламравҳои ҳамсоя рухдиҳанда муҳофизат кунанд.

 


12 декабр инчунин Рӯзи байналмилалии фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ ҷашн гирифта мешавад, ки аҳолии сайёраро ба  таваҷҷуҳ ба саломатӣ даъват мекунад.


Рӯзи 12-уми декабри соли 2012 дар Порис бахшида ба 850-солагии Нотр-Дам де Пари – маъбуди муқаддаси ин шар ҷашнҳо оғоз шуданд. Ба муносибати ин солгарди муҳим, дар саросари Фаронса як сол барномаҳои ҷашнӣ баргузор гардиданд.

Нотр-Дам де Пари ба феҳристи Мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст ва онро маъбади асосии Порис мешуморанд. Дар он бузургтарин соз ё асбоби мусиқии қубурдор ҷойгир буда, 111 тугма ва тақрибан 8 ҳазор найро дар бар мегирад. Ҳамчунин, яке аз муқаддастарин осори масеҳият – тоҷи Масеҳ дар ҳамин ҷо нигоҳдорӣ мешавад.


15-уми апрели соли 2019 дар он сӯхтори шадид ба амал омад, ки боиси фурӯ рафтани манора ва қисми боми бино гардид ва ба дохили он низ зарари ҷиддӣ расид. Бо вуҷуди ин, кисми асосии сохтмон наҷот дода шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 19+21º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 8+10º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.