“Шиддати барқ 130 то 160 волт аст. Таҷҳизоти техникӣ бо сабаби паст будани шиддати барқ корношоям мешаванд. Ҳар ҳафта ломп иваз мекунем”. Ин фишурдаи шикояти як сокини ноҳияи Восеъ аст, ки зери матлаби “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта шудааст. Ин ягона шикоят аз шиддати пасти барқ нест. Чандин корбари дигар ҳам аз ин мушкил шикоят кардаанд.
“Азия-Плюс” дар робита ба ин, аз масъулин сабабҳои паст будани шиддати барқ, меъёри муайяншудаи онро пурсид ва рақамҳои тамоси филиалҳои “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро барои муроҷиати сокинон гирд овард.
Чаро сокинон аз шиддати пасти барқ шикоят доранд?
Дӯстмурод Тоиров, сардори Раёсати маркази танзимгарии “Шабакаҳои интиқоли барқ” (ШИБ) дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки шиддати барқ дар минтақаҳои кишвар бегоҳӣ, замони авҷи истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ, паст мешавад.
“Нуқтаҳои назоратӣ ҳастанд, ки шиддати барқро дар меъёри стандартӣ нигоҳ медоранд. Рӯзона шиддат барқ тибқи меъёр аст ва сабаби ин маҳдудияти интиқоли он мебошад. Чун дар система сарборӣ нест. Дар соатҳои авҷи истифодаи барқ, яъне бегоҳӣ муштариён таҷҳизоти бештари барқии худро ба барқ пайваст мекунанд ва дар ин ҳолат, шиддат паст мешавад”,-гуфт номбурда.
Ин масъули ШИБ иброз дошт, ки дар ин ҳолатҳо “имкониятҳои дохилӣ-техникии системаҳои интиқоли барқ баланд бардошта шуда, шиддати барқ ба танзим дароварда мешавад”.

Дӯстмурод Тоиров афзуд, сокинон аз шиддати пасти барқ метавонанд ба филиалҳои “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и минтақаашон муроҷиат кунанд ва “мутахассисон дар трансформатори ҳамон минтақа шиддатро ба танзим медароранд”.
“Айни замон асосан дар шимоли кишвар ва он ҳам бегоҳӣ аҳолӣ бо мушкилии пастии шиддати барқ дучор ҳастанд. Чун дар вилояти Суғд ягона нерӯгоҳи Қайроққум фаъолият мекунад. Дар шаҳри Душанбе, бинобар зиёд будани зеристгоҳҳо ва дар ҷануби кишвар бо сабаби зиёд будани нерӯгоҳҳо, ки имкон медиҳад шиддатро аз ин ҳисоб баланд бардоранд, ин мушкилӣ камтар ба мушоҳида мерасад”-, иброз дошт Тоиров.
Меъёри шиддати барқ барои аҳолӣ чанд?
Меъёри муайяншудаи шиддати барқ дар хонаҳои сокинон 220 волт аст, аммо он метавонад миёни 209 - 231 волт тағйир ёбад.
Аммо агар шиддати барқ камтар аз 185-198 волт ва зиёда аз 242 волт бошад, пас ин хатарнок аст ва метавонад боиси корношоям шудани таҷҳизот, садама, сӯхтор, ба таври худкор хомӯш шудани қувваи барқ ва ғайра шавад. Дар ин ҳолат тавсия дода мешавад, ки дар як вақт чанд таҷҳизотро ба нерӯи барқ пайваст накунед.
Дар ҳолати паст будани шиддати барқ ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Дӯстмурод Тоиров гуфт, вақте шиддати барқ паст аст, метавонед ба филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи худ муроҷиат кунед. Дар онҷо кормандони марказҳои танзимгарӣ ва мутахассисони масъул, мушкилии муштариёнро санҷида, сабаби онро муайян ва камбудиро бартараф мекунанд.
Имкон доред тамос гирифта, мушкилро бо ишораи суроға, вақти паст шудани шиддати барқ ва агар хисороте дар пайи ин мушкилӣ ба вуҷуд омадааст, аз ҷумла вайрон шудани таҷҳизоти барқӣ, фаҳмонед. Ва ё ба суроғаи филиалҳои “ШТБ-и минтақаатон рафта, аризаи шикоятӣ нависед.

“Азия-Плюс” рақамҳои тамоси 7 филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаҳои кишварро гирд овард, ки дар сурати паст будани шиддати барқ ва ё мушкилоти дигар дар ин бахш метавонед ба онҳо муроҷиат кунед:
Филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Душанбе – 2216618, 2218689;
Филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Хуҷанд – 928100959, 83467141;
Филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Истаравшан – 927715830;
Филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Гулистон – 928808831;
Филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Бохтар – 8322223414;
Филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Кӯлоб – 98500285;
Филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Ноҳияҳои тобеи марказ – 446405106.
Роҳҳои пешгирӣ аз талафот
Барои корношоям нашудани таҷҳизот метавон дар ноқили асосии интиқолдиҳандаи барқ ба хона ё нивастор (розетка)-и хона дастгоҳи танзимкунандаи шиддати барқ (стабилизатор) насб кард. Ин дастгоҳ шиддати барқро дар сатҳи муайян, ки 220 волт мебошад, нигоҳ медорад.
Вақти интихоби дастгоҳи танзимкунандаи шиддати барқ масрафи барқ дар таҷҳизоти техникиро ҳисоб кунед ва аз рӯйи натиҷаи он дастгоҳро харед.
Масалан яхдон - 150 Вт, телевизор - 100 Вт, компютер - 300 Вт қувваи барқро харҷ мекунад, ки дар ҷамъ 550 Вт мешавад. Бо ба назар гирифтани захираи қувваи барқ дар дастгоҳ 30% ҷамъ мекунем, ки дар ин ҳолат метавонед, дастгоҳи танзимкунандаи шиддати барқ дар 1000 Вт-ро интихоб кунед.
Бояд гуфт, ҳоло дар манотиқи Тоҷикистон дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ аст ва сокинон дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанд. Масъулини барқ мушкилро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд.
Дар пайи шадид шудани “лимит”-и барқ “Шабакаи тақсимоти барқ”, бо ирсоли як паёмаки телефонӣ ба аҳолӣ ҳушдор дод, ки “дар сурати истифодаи ҳамзамони зиёда аз 4 киловат (кВт) барқ дар хона интиқоли барқ ҳудуди 30 дақиқа ба таври худкор қатъ мешавад”.
Ҳамчунин дар пайи норасоии барқ тадбирҳои муваққатии сарфаи барқ аз ҷумла, шомгоҳон қатъ намудани интиқоли барқ дар корхонаву ташкилоти буҷетӣ, манъи кори нуқтаҳои нерӯдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ аз соати 18:00 то 22:00 ва хомӯш кардани барқ ё чароғҳои кӯчагӣ, ки “аҳамияти стратегӣ надоранд” низ ҷорӣ шуд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад.






“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста