Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 1 млрд. 221 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Дар ҳамин давраи соли 2019 ҳаҷми чунин интиқолҳо 434 млн долларро ташкил дода буд, ки қариб 3 баробар камтар аз нишондиҳандаи соли ҷорӣ аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2020 интиқоли фаромарзии афроди хусусӣ аз Русия ба Тоҷикистон (аз ҷумла тариқи низомҳои пардохт) 37% коҳиш ёфтаанд: аз 1 млрд 941 млн доллар то ба 1 млрд 224 млн доллар.

Ба интиқоли фаромарзии шахсони воқеӣ интиқоли ғайринақдӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо), ки бо кушодан ва ё бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ бо шумули интиқол тариқи низомҳои пардохт амалӣ мегарданд, дохил мешаванд.

Ба ин тариқ, метавон гуфт, ки соли равон интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб пурра (99,8%) бо истифода аз низомҳои пардохт анҷом дода шудааст.

Як сол пеш, аввали моҳи декабри соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Маркази миллии протсессингиро оид ба интиқоли маблағ бидуни кушодани суратҳисоб роҳандозӣ намуд. Ҳамагӣ дар муддати як моҳи кори марказ интиқоли маблағ тариқи низомҳои пардохт дар семоҳаи чорум 30% афзуд, ҳарчанд ҳаҷми умумии интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2019 ба андозаи 20% кам шуда буд.

Ҳиссаи интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои пардохт дар ҳаҷми умумии интиқол аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2019 - 25% (660 млн доллар) ва дар соли 2018 - 33% (835 млн доллар)-ро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.