Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 2 млрд 983 млн сомонӣ (265 млн доллар)-ро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда 16,7% ё худ 432 млн сомонӣ (38 млн доллар) зиёдтар нисбат ба даромади онҳо дар соли 2020 аст, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, даромади воҳидҳои оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи Тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа баръакс, ба миқдори 6,4% кам шудаанд: аз 180 млн сомонӣ дар соли 2020 то ба 168 млн сомонӣ дар соли 2021.

Вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ дар соли гузашта аз 93,4% дар соли 2020 то ба 94,7% дар соли 2021 зиёд шуд.

Шумори корбарони интернет то аввали соли гузашта ба ҳудуди 3,5 млн нафар (3,3 млн нафар дар ҳамин давраи соли 2021) расида, теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ баръакс қариб 500 ҳазор нафар кам ва 5,5 млн нафарро ташкил додааст.

Айни замон дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.